Администратор, Автор в Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон

Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон дар бораи куштори ваҳшиёнаи Қобилҷон Алиев, кӯдаки ноболиғи тоҷикистонӣ дар вилояти Маскав, силсилакушторҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.
Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон куштори ваҳшиёна, ғайриинсонӣ ва ошкоро нажодпарастонаи кӯдаки ноболиғи тоҷикистонӣ Қобилҷон Алиев дар вилояти Маскави Федератсияи Русияро бо шадидтарин лаҳн маҳкум менамояд. Мо ин ҷиноятро на як ҳодисаи тасодуфӣ, балки натиҷаи мустақими сиёсати хиёнатбор, вобастагӣ ва итоаткоронаи ҳукумати худкомаи Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Федератсияи Русия ва Кремлин мешуморем.

Қатли Қобилҷон Алиев танҳо куштори як кӯдак нест. Ин қатли шаъну шарафи миллат, қатли виҷдон ва қатли масъулияти давлатест, ки худро ҳомии шаҳрвандонаш вонамуд мекунад, аммо дар амал онҳоро ба қурбонии сиёсати дигарон табдил додааст.

Ин ҷиноят дар заминаи афзоиши ошкорои нафрат, нажодпарастӣ, табъиз ва хушунати миллӣ дар Русия рух додааст фазое, ки солҳои охир зери таъсири таблиғоти расмии Кремл, идеологияи бартариятталабии миллӣ ва шовинизми русӣ шакл гирифтааст.

Мо бо қатъият изҳор медорем, ки ин идеология моҳиятан ба фашизм наздик буда, метавонад бо истилоҳи «русизм» -фашизми муосири русӣ тавсиф шавад.

Силсилакушторҳои тоҷикон: фоҷиае, ки солҳост идома дорад
Фоҷиа бо Қобилҷон Алиев ҳодисаи ҷудогона нест. Солҳои охир шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла кӯдакон ва наврасон, дар Федератсияи Русия пайваста мавриди хушунат ва куштор қарор гирифтаанд:

соли 2004 дар Санкт-Петербург кӯдаки ҳаштсолаи тоҷик Хуршеда Султонова аз гурӯҳҳои неоназистӣ ва нажодпарасти рус ба таври ваҳшиёна кушта шуд;

соли 2016 дар Санкт-Петербург навраси 17-солаи тоҷик бо зарбаҳои корд ба ҳалокат расид;

соли 2018 дар вилояти Маскав кӯдаки панҷсолаи тоҷик Хувайдо Тиллозода рабуда, таҷовуз ва кушта шуд;

соли 2019 тибқи иттилои расмӣ даҳҳо муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия бо марги зӯроварона ҷон бохтанд;

соли 2020 парвандаҳои куштори кӯдакони тоҷик бидуни ҷавобгарии воқеӣ боқӣ монданд;

соли 2025 куштори Қобилҷон Алиев боз як далели фоҷиаи идомаёбанда гардид.

Бо вуҷуди ҳамаи ин кушторҳои ваҳшиёна аз қатли кӯдакони ноболиғ то кушта шудани муҳоҷирони корӣ ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалан ҳеҷ коре анҷом надод.
На як нотаи ҷиддии дипломатӣ,
на талаби таҳқиқи байналмилалӣ,
на ҳифзи воқеии шаҳрвандон,
на ҳатто изҳори ҳамдардии расмӣ дар сатҳи роҳбари давлат.

Ин хомӯшӣ дигар бетафовутӣ нест-ин шарикӣ дар ҷиноят аст.
Ҷанги Украина: тоҷикон ҳамчун қурбонии сиёсати бегона
Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон ҳамчунин бо шадидтарин лаҳн ҷалби маҷбурӣ ва кушта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги Украина-ро маҳкум менамояд.

Садҳо, эҳтимол ҳазорон ҷавони тоҷик,муҳоҷирони корӣ ва маҳбусон бо фиреб, таҳдид, ваъдаи пул, шаҳрвандӣ ё раҳоӣ аз маҳбас ба ҷанги бегона бурда шуданд ва ҳамчун гӯшт дар муқобили туп қурбон гардиданд.

Ин ҷиноят низ бидуни ризоият ва сукути ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон имконпазир намебуд. Давлате, ки шаҳрвандонашро аз ҷангҳои бегона ҳифз намекунад, шарики мустақими ҷиноятҳои ҷангӣ мебошад.

Созмонҳои миллатгарои русӣ-бо ҳимояти давлат
Мо изҳори нигаронии ҷиддӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои миллатгаро ва нажодпарасти русӣ, аз ҷумла «Русская община», мекунем, ки таҳти ҳимояти ошкоро ё пинҳонии сохторҳои давлатии Федератсияи Русия фаъолият доранд.
Ин гурӯҳҳо солҳост муҳоҷирони тоҷикро таҳқир, тарсондан ва мавриди ҳамла қарор медиҳанд, аммо ҳукумати Тоҷикистон боре ҳам онҳоро расман маҳкум накардааст.

Масъулияти сиёсӣ

Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон таъкид мекунад:
Қобилҷон Алиевро танҳо як ҷинояткор накушт- ӯро сиёсати вобастагӣ, хомӯшӣ ва итоаткоронаи ҳукумати Раҳмонов кушт.

Давлате, ки шаҳрвандонашро ҳимоя намекунад, давлате, ки аз қатли кӯдак хомӯш мемонад, давлате, ки ҷавононашро ба ҷанги бегона мефиристад, наметавонад худро намояндаи миллат номад.

ТАЛАБОТИ МО:

Вокуниши фаврӣ ва қотеъи ҳукумати Тоҷикистон бо таъкиди ангезаҳои миллӣ ва нажодпарастонаи куштори Қобилҷон Алиев;

Таҳқиқи мустақил ва байналмилалии ҳамаи кушторҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия;

Таъмини ҳифзи воқеии ҳуқуқ ва амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ;

Қатъи фаврии ҷалби иҷбории шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷанги Украина;

Бознигарии ҷиддии ҳузури низомии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон.

Паём ба муҳоҷирони тоҷик

Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон ба тоҷикони муқими Русия муроҷиат мекунад:

ҷони шумо ва ҷони фарзандонатон аз ҳама чиз арзишмандтар аст.

Дар шароите, ки давлат шуморо ҳимоя намекунад, наҷоти ҷони худ ҳаққи шумост.

Ҳаёти ҳар шаҳрванди Тоҷикистон арзиш дорад.
Қобилҷон фаромӯш нахоҳад шуд.

Хуни кӯдакон ва ҷавонони тоҷик дер ё зуд домони масъулони кунӯнии кишварро хоҳад гирифт.

Шӯрои сиёсии Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон
17 декабри соли 2025
Порис, Фаронса

Сообщение Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон дар бораи куштори ваҳшиёнаи Қобилҷон Алиев, кӯдаки ноболиғи тоҷикистонӣ дар вилояти Маскав, силсилакушторҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия. появились сначала на Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон.

Номаи саркушодаи мухолифини тоҷик ба Доналд Трамп бо дархости мусоидат барои озод кардани маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон
НОМАИ САРКУШОДА

Ба Ҷаноби Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Ҷаноби Президент!

Аз номи Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон, Созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ва Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон миннатдории амиқи худро барои мавқеи қотеъона ва саҳми Шумо дар озодии зиндониёни сиёсӣ дар Ҷумҳурии Беларусро баён менамоем. Ин иқдоми Шумо намунаи равшани роҳбарии муваффақи Иёлоти Муттаҳида дар ҳифзи озодӣ ва шарафи инсонӣ гардид.

Дар остонаи мулоқоти Шумо рӯзи 6-уми ноябр бо Президенти Тоҷикистон ва роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо эҳтиром аз Шумо хоҳиш менамоем:

• масъалаи фишорҳо ва саркӯбиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро матраҳ намоед;

• ба озод намудани фаврии зиндониёни сиёсӣ даъват кунед;

• барои оғоз намудани муколамаи байналмилалӣ доир ба раванди сиёсати осоишта ва фарогир дар кишвар мусоидат намоед.

Имрӯз Тоҷикистон дар ҳолати бӯҳрони амиқи сиёсӣ ва хафақони иҷтимоӣ қарор дорад. Дар натиҷаи сӣ соли ҳукумати авторитарӣ, ҷумҳурӣ ба фазое табдил ёфтааст, ки онро назорати комил, тарс ва таъқиб фаро гирифтааст.

Ҳазорон шаҳрванд дучори таъқиби сиёсӣ гардидаанд, садҳо нафар мавриди шиканҷа ва нопадидшавии маҷбурӣ қарор гирифтаанд. Беш аз 8500 зиндонии сиёсӣ аз ҷумлаи рӯзноманигорон, блогерон, вакилони мудофеъ, ҳомиёни ҳуқуқ, уламои дин, фаъолон ва намояндагони мухолифини демократӣ дар зиндонҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Дар байни онҳо занон, пиронсолон ва хешовандони мухолифон низ ҳастанд, ки танҳо барои робитаи хешутаборӣ ҷазо мебинанд.

Марг дар зиндон, истифодаи системавии шиканҷа, маҳрум сохтани дастрасӣ ба кумаки тиббӣ ва таҳқиру озори инсонӣ ба амали маъмулӣ табдил ёфтааст. Набудани рақобати сиёсӣ ва аз байн бурдани ҷомеъаи шаҳрвандӣ муҳитро ба радикализм мебарад, ки ин хатари мустақим барои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида ва иттифоқчиёни он ба шумор меравад.

Нодида гирифтани ин бӯҳрон метавонад боиси бесуботии Осиёи Марказӣ, авҷи экстремизм ва аз даст рафтани назорати стратегӣ дар минтақа гардад, ки дар он нерӯҳои авторитарӣ аллакай фаъолона рақобат мекунанд.

Ҷаноби Президент,

Садо ва роҳбарии Шумо метавонад ҳазорон ҷони бегуноҳро наҷот диҳад ва ба мардуми Тоҷикистон дар талошашон барои озодӣ ва адолат пуштибонӣ бахшад. Мо сидқан умедворем, ки дар мулоқоти пешомада, Шумо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро ба озод кардани зиндониёни сиёсӣ ва оғоз намудани муколама даъват хоҳед кард, ки бар пояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон бунёд ёфта бошад.

Бо эҳтироми амиқ,

Шарофиддин Гадоев

Роҳбари Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон

шаҳри Амстердам, Подшоҳии Нидерландия

Убайдулло Саидӣ

Раиси созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон»

шаҳри Лондон, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

Муҳаммадиқболи Садриддин

Роҳбари Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон

Шаҳри Париж, Ҷумҳурии Фаронса

03 ноябри соли 2025

Сообщение Номаи саркушодаи мухолифини тоҷик ба Доналд Трамп бо дархости мусоидат барои озод кардани маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон появились сначала на Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон.

Баёнияи пайвастшавии намояндагии ПМТ дар Фаронса ба Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон
Намояндагии ПМТ дар Фаронса бо нашри ин баёния эълом медорад, ки аз ин ба баъд фаъолияти худро ба таври расмӣ дар чорчӯби Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон идома медиҳад ва пайвастагии комили худро бо ин ҳаракати сиёсии нав ва мардумӣ эълон менамояд.

Ин тасмим дар натиҷаи бетаваҷҷуҳӣ, бемасъулиятӣ ва бекифоятии раҳбарияти ПМТ гирифта шудааст. Аз аввали соли 2025 намояндагии Фаронса борҳо аз роҳбарият талаб кард, ки ҳисобот пешниҳод намоянд ва раванди ислоҳот ва тағйироти дарозмуддатро, ки бо талоши зиёди аъзоён роҳандозӣ шуда буд, ба таври ҷиддӣ ва амалӣ пайгирӣ намоянд. Аммо, мутаассифона на танҳо ҳисобот пешниҳод нашуд, балки худи идеяи ҳисоботдиҳӣ ба таври таҳқиромез рад гардид ва он бо як муқоисаи номуносиб ба ниҳодҳои худкома ва амниятии давлат тамсил дода шуд «гузориш додан ба шумо гузориш додан ба Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимов аст»

Ин тарзи бархӯрд ва худсарии роҳбарияти ПМТ, ки муқобили арзишҳои ҳизбӣ ва сиёсӣ аст зарбаи сахте ба руҳияи аъзоён ворид намуд.

Ғайр аз ин амалкарди зоҳирӣ ва намоишии иддаои «ислоҳот» бе ҳеҷ тағйири воқеӣ дар сохтор ё шеваи раҳбарӣ, нишон дод, ки роҳбарият ҳеҷ ирода барои тағйир надорад.

Мутаассифона вазъро бархе афроди наздик ба роҳбарият бо суханони таҳқиромез ва таҳдидомези худ боз ҳам муташанниҷтар гардониданд. Гарчанде мо талош доштем ин ихтилофро дар дохили созмон ҳал намоем, аммо чунин бархӯрдҳо моро водор карданд, ки ба таври мустақил иқдом намоем.

Бо ҳамин намояндагии пешини ПМТ дар Фаронса фаъолияти худро қатъ намуда ба ҳайси Намояндагии расмии Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон дар Фаронса идома медиҳад.

Ҳамзамон, мо эълон медорем, ки Ҳусниддин Даминов ба ҳайси раиси нави намояндагии ҲИТ дар Фаронса интихоб шудааст.

Намояндагии ПМТ дар Фаронса, ки аз соли 2018 фаъолият дошт ва яке аз марказҳои фаъолтарини сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар Аврупо маҳсуб мешуд, пас аз машварат ва баррасии ҳамаҷониба дар ҷаласаи 22 августи соли 2025 тасмими гирифтем, ки якдилона ба Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон (ҲИТ) мепайвандем. Протоколи ин ҷаласаи намояндагӣ ба Дастгоҳи иҷрояи ПМТ ирсол карда шуд.

Мо ба хотири адолат, ислоҳот ва наҷоти Тоҷикистон аз низоми худкома ва низоми фасодзада муборизаро идома хоҳем дод.

Бо эҳтиром

Намояндагии Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон дар Фаронса

19 сентябри 2025

Париж, Фаронса

Сообщение Баёнияи пайвастшавии намояндагии ПМТ дар Фаронса ба Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон появились сначала на Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон.

Изҳороти расмии муассисон ва гурӯҳи тадорукоти ҳаракати сиёсии «Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон»
Ҳамватанони азиз!

Мо, гурӯҳе аз шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистон, ба шумо мужда медиҳем, ки бо ирода ва эҳсоси баланди ватандорӣ ва масъулият дар баробари сарнавишти миллат, ҳаракати нави сиёсии «Ислоҳотхоҳон»- ҳамчун як ҳаракати ислоҳотталаб ва озодихоҳро имрӯз расман таъсис ва эълон медорем.

Аксари аъзоёни  ин ҳаракати ҷадид дар даҳ соли охир, ба далели зулм ва таъқиб, дар хориҷ аз кишвар ба унвони паноҳанда ба сар мебаранд. Аммо дурӣ аз ватан моро аз ишқу ормони он канда натавонист. Мо бо ҳам аз гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон гирд омадем, бо нияти ягона кӯтоҳ кардани роҳи бозгашт ба Ватан ва наҷоти мардум аз як ҳукумати худкома ва оилавӣ, ки беш аз сӣ сол аст сарзамини моро ба асорат гирифтааст.

Мо шуморо шаҳрвандони бедор ва озодихоҳи Тоҷикистон даъват мекунем, ки бо мо бошед, моро ҳамроҳӣ намоед ва дар ин роҳи пурифтохору пурмасъулият шарик гардед.

Чаро мо вориди саҳнаи сиёсӣ шудем?

Пештар низ мо бо шеваҳои мухталиф аз нияти ташкили чунин ҳаракат хабар дода будем. Ҳадаф равшан аст: наҷоти миллат ва давлати Тоҷикистон аз вартаи диктотураи хонаводагӣ.

Моро садҳо паём, нома ва зангҳои ҳимоятгаронаи шумо рӯҳбаланд ва мутмаин сохт, ки вақти амал фаро расидааст.

Мо эълон медорем: муборизаро то охир идома медиҳем. Ва охири ин роҳ сарнагунии режими худкомаи диктаторӣ мебошад.

Ин режим давлати моро ба дастгоҳи манофеъ барои хонаводааш табдил додааст. Ҳар рӯзе ки ин режим бар сари қудрат аст, фақр, фасод, муҳоҷират, бедодӣ ва нобаробарӣ бештар мешавад. Моро дигар чораи ҷуз мубориза боқӣ намондааст.

Ҳамгироӣ бо дигар нерӯҳои мухолиф

Мо бо тамоми неруҳои мухолифи режими диктаторӣ барои як ҳадафи муштарак, ки он ҳам наҷоти Ватан аст, омодаи ҳамкорӣ ҳастем.

Ҳар нерӯе, ки бо диктатура мубориза мебарад, барои мо ҳамсаф ва шарики стратегӣ аст. Канори ҳамаи мухолифин меистем, ҳамчуноне, ки оғӯши мо ба рӯи так-таки муборизон боз аст. Ҳеҷ мухолифи воқеии ин режим мухолифи мо нест ва наметавонад бошад, ҳамаи мо фарзандони як миллат ва як сарзаминем.

Ҳадафи мо чист?

Тоҷикистоне мехоҳем, ки мардумаш озод бошад.

Тоҷикистоне мехоҳем, ки мардумаш ҳоким бошад.

Тоҷикистоне мехоҳем, ки ҳукуматаш интихобӣ ва ҷавобгӯ бошад.

Мо озодӣ, адолат, шаффофият ва баробари дар ҳама заминаҳоро талаб дорем.

Мо ислоҳот мехоҳем, тағйири амиқ ва воқеӣ. Ва барои ин мақсад, тамоми василаҳои муборизоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва шаҳрвандиро истифода хоҳем кард.

Намояндагиҳои «Ислоҳотхоҳон» дар кишварҳои мухталиф

Бояд зикр намоем,ки таъхири мо дар эълони ҳаракат ин ҷобаҷогузорӣ ва таъсиси намояндагиҳоямон дар кишварҳои гуногӯн буд. Чанд рӯз пеш дар ҷаласаи намояндагиҳо аз такмил ва омодагияшон ба гурӯҳи тадорукот ва муассисон хабар доданд.

Феълан «Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон» дар ин кишварҳо арзи ҳастӣ менамоянд:

Фаронса, Олмон, Итолё, Испонё, Бритонё, Лаҳистон, Латвия, Туркия, ИМА , Конодо, Мексик, Зеландияи нав.

Дар ояндаи наздик дар кишварҳои дигаре, ки шаҳрвандони Тоҷикистон онҷо зиндагонӣ мекунанд намояндагиҳои ҳаракатро таъсис хоҳем кард.

Дар ҷаласаи якҷояи муассисон, гурӯҳи тадорукот ва намояндагиҳо Муҳаммадиқболи Садриддин роҳбари «Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон» интихоб гардид.

Даъвати мо ба шумо

Мо ба таври ошкор ва аланӣ фаъолият хоҳем кард. Ҳеҷ кори пинҳонӣ ва сиррӣ нахоҳем дошт. Пуштибони мо бидуни ҳеҷ шакку тардиде шумоед, мардум! Чи дар дохил ва чи дар хориҷ.

Биёед бо ҳам муттаҳид шавем! Ин ҷанги миллат бо як режими хонаводагист ва пирӯзии миллат дар ин набард ногузир аст.

Ба ҳимояти шумо ниёз дорем. Ба дуъои шумо ниёз дорем. Итминони комил дорем, ки Худованд моро дар ин роҳи ҳақ ҳимоят ва кӯмак хоҳад кард.

«Бо қалам, бо нидо, бо ислоҳот Тоҷикистонро месозем!»

«Навис, бигӯ, бархез- ислоҳот аз ту оғоз меёбад!»

«Фасод- душмани миллат. Ислоҳот-наҷоти миллат!»

ИСЛОҲОТ ТАҒЙИРОТ ПЕШРАФТ

Зинда бод озодӣ!

Зинда бод Тоҷикистон!

Бо эҳтиром ва самимият:

Муассисон ва гурӯҳи тадорукоти «Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон»

06.08.2025

Сообщение Изҳороти расмии муассисон ва гурӯҳи тадорукоти ҳаракати сиёсии «Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон» появились сначала на Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон.

Муҳаммадиқболи Садриддин — роҳбари Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон
1. Таваллуди ва заминаи оилавӣ

Муҳаммадиқболи Садриддин 15 майи соли 1978 дар шаҳри Қӯрѓонтӯбе (Тоҷикистон) таваллуд шудааст. Википедия

Падари ӯ Хадҷи Каландар Садриддинзода яке аз асосгузорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 1973 мебошад. Википедия

Аз ин маълум мешавад, ки ӯ дар муҳити сиёсиву динӣ ва мухолифони исломии Тоҷикистон ба воя расидааст.

2. Фаъолияти ибтидоӣ ва таҳсил

Аз маълумоте, ки дар даст ҳаст, маълум нест, ки Муҳаммадиқболи Садриддин дар куҷо таҳсил карда буд, ва таҳсили илмӣ (университетӣ ё динӣ)аш ба таври возеҳ дар манбаъҳои ҷамъиятиву интернет нашр нашудааст.

Аммо маълум аст, ки ӯ навиштаҳои зиёди динӣ, таърихӣ ва сиёсии худро ба табъ расонидааст ва муаллифи китобҳо ва мақолаҳо мебошад. Википедия Facebook

Дар соли 2008, ӯ китобе таҳти унвони «Краткое толкование Хатлони» нашр кардааст. Википедия

Ӯ асосгузори фонди ҷамъиятии «Васатият» мебошад, вале ба гуфта мешавад, ки сомонаи фонди мазкур соли 2014 дар Тоҷикистон блок шудааст. Википедия

3. Фаъолияти ҷамъиятӣ ва сиёсии мухолиф

Муҳаммадиқболи Садриддин дар гузашта узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) буд. Azda.tv Википедия

Аз соли 2016 ба он тараф, ӯ ҳамчун паноҳҷӯи сиёсӣ дар Аврупо фаъолият мекунад. Википедия Azda.tv

Ӯ чанд соли ахир дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дошта, аз тариқи интернет (вебсайтҳо ва YouTube-барномаҳо) вобаста ба коррупсия, беадолатие, ва фаъолияти хилоф ба озодии сиёсӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон интиқодҳои шадид баён мекунад. Википедия Azda.tv

Худи ӯ фаъолияташро дар пойгоҳи таҳлилӣ-сиёсии “Ислоҳ” ҷараён медиҳад ва барномаҳои иттилоотӣ мебарорад, ки дар онҳо бисёр вақт нисбат ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон интиқод мекунад ва барои ислоҳоти системавӣ дар кишвар даъват мекунад. Википедия Facebook Azda.tv

Дар моҳи августи 2025, ҳаракати нави мухолифони тоҷик дар хориҷ бо номи «Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон» таъсис дода шуд, ва Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамчун роҳбари ин ҳаракат интихоб гардидааст. Azda.tv

4. Иттиҳомоти ҳуқуқӣ ва интиқодҳо

Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 барои Муҳаммадиқбол Садриддин парвандаи ҷиноӣ ба роҳ монд, ва ӯро дар хориҷ ҳамчун паноҳҷӯ нишон медодаанд. Википедия Azda.tv

Ӯ ин иттиҳомотро “провокацияҳое бо мотивҳои сиёсӣ” унвон кардааст ва рад намудаашро эълон кардааст. Википедия Azda.tv

Ҳамчунин хабарҳо ҳастанд, ки мақомоти Фаронса борҳо дархост карда буданд, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод кунанд. Azda.tv

Додгоҳе дар Маскав Муҳаммадиқболи Садриддинро ба паҳн кардани хабарҳои “дурӯғ” дар бораи ҷанги Русия дар Украина гунаҳкор донистааст, ки худи ӯ ин иттиҳомотро сиёсӣ ва беасос номидааст. Azda.tv

5. Хулоса ва таҷрибаи имрӯза

Муҳаммадиқболи Садриддин имрӯз ҳамчун яке аз фаъолони мухолифини тоҷик, махсусан дар фазои хориҷӣ ва дар шабакаҳои интернетӣ, фаъолияти фаъоле дорад. Ӯ мусаллаҳ ба воситаҳои иттилоотӣ, таҳлилҳо ва интиқодҳои сиёсӣ ба кор мебарад ва ҳадаф дорад, ки барои ислоҳоти демократӣ, мубориза бо коррупсия ва ҳукуматдориро ба сӯи шаффофият, адолатҳои ҳуқуқӣ ва озодиҳои сиёсӣ равона кунад.

Сообщение Муҳаммадиқболи Садриддин — роҳбари Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон появились сначала на Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон.

Тоҷикистон ва роҳи қудрати Эмомалӣ Раҳмон
1. Оғози истиқлол ва бесуботӣ

Тоҷикистон соли 1991 истиқлол гирифт, аммо давлат зуд ба бӯҳрони сиёсӣ афтод. Қувваҳои гуногун – коммунистон, демократҳо, исломгароён, маҳалгароён – барои қудрат мубориза мебурданд. Ин ба ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) овард, ки беш аз 100 ҳазор кушта ва садҳо ҳазор гуреза боқӣ гузошт.

2. Баромадани Раҳмон

Дар ноябри 1992 дар Куруғонтеппа (ҳоло Бохтар) як иҷлосияи Фронти халқӣ баргузор шуд. Аз миёни элитаи коммунистӣ Эмомалӣ Раҳмон, як шахси то он вақт номаъруф аз вилояти Кӯлоб, ҳамчун раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ зуд бо кӯмаки қувваҳои ҳарбии Фронти халқӣ, дастгирии Русия ва Ӯзбекистон, мақоми роҳбари давлатро ба даст овард.

3. Ҷанги шаҳрвандӣ ва қудратёбӣ

Фронти халқӣ таҳти роҳбарии Раҳмон ба муқобили Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионии Тоҷикистон (ИНОТ) меҷангид, ки аз Ҳизби наҳзати исломӣ, демократҳо ва дигар гурӯҳҳо иборат буд. Ҷанг хунин ва тӯлонӣ шуд. Ҳукумат мухолифонро бо пуштибонии низомиёни Русия ва Ӯзбекистон фишор медод.

4. Созишномаи сулҳи 1997

Бо миёнравии СММ, Эрон, Афғонистон ва Русия соли 1997 Созишномаи умумии сулҳ имзо шуд. Мувофиқи он:

Оппозитсион 30% аз мақомҳои давлатӣ гирифт.

Муҳоҷирони сиёсӣ ва гурезаҳо ба кишвар баргаштанд.

ҲНИТ қонуниро ба даст овард.

Он замон сулҳ ҳамчун намунаи муваффақи пасожангӣ дар ҷаҳон ситоиш мешуд.

5. Аз байн бурдани рақибон

Пас аз сулҳ, Раҳмон тадриҷан рақибонро канор зад:

Бисёре аз фармондеҳони ИНОТ (мисли Раҳмон Сангинов, Шамситдин Шоҳин ва дигарон) дар задухӯрдҳо кушта шуданд.

Бархе бо шеваҳои сиёсӣ аз вазифаҳо дур карда шуданд.

Гурӯҳе маҷбур шуданд, ки боз ба муҳоҷират раванд.

6. Суст кардани ИНОТ ва ҲНИТ

Дар солҳои 2000-ум, Раҳмон қадам ба қадам қудрати мухолифонро маҳдуд кард.

Раҳбарони ИНОТ яке паси дигар кушта ё зиндонӣ шуданд.

Ҳизби наҳзати исломӣ, ки бузургтарин қувваи мухолиф буд, то соли 2015 фаъолият мекард.

7. Соли 2015 – зарбаи ниҳоӣ

Дар моҳи сентябри 2015 ҳукумат ҲНИТ-ро созмони террористӣ эълон кард:

Раҳбаронаш, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, ба хориҷ гурехтанд.

Даҳҳо узву фаъолонаш боздошт ва ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд (бархе ҳукми абад гирифтанд).

Мухолифони дигар, аз ҷумла роҳбарони гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба Аврупо ва дигар кишварҳо фирор карданд.

8. Ҳукумати яккаи Раҳмон

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон беш аз 30 сол аст дар қудрат аст ва дар амал яке аз давомноктарин роҳбарони худкомаи пасошӯравӣ ба шумор меравад.

Қудрат дар дасти хонаводааш тамаркуз ёфтааст: писараш Рустами Эмомалӣ (шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ) ҳамчун вориси оянда омода мешавад.

Мухолифат ва озодии баён тақрибан пурра саркӯб шудаанд.

Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои худкомаи дунё шинохта мешавад.

Хулоса:
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷанги шаҳрвандӣ ба қудрат омад, сулҳро истифода бурд, то рақибонро як ба як аз байн барад. Пас аз соли 2015 дигар мухолифони воқеӣ дар дохили кишвар боқӣ намонданд: бархе кушта шуданд, дигарон зиндонӣ ё ба муҳоҷират маҷбур шуданд. Имрӯз ҳукумат дар дасти як оила тамаркуз ёфтааст.

Сообщение Тоҷикистон ва роҳи қудрати Эмомалӣ Раҳмон появились сначала на Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон.