Архивы Изҳорот - Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон

Дидубоздидҳо аз Фаронса то Олмон, Лаҳистон ва Ҳолланд
Сафари ахири раиси Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон Муҳаммадиқболи Садриддин ба кишварҳои Фаронса, Олмон, Лаҳистон ва Ҳолландро метавон бо итминон як сафари самимӣ, пурмазмун ва умедбахш номид. Ин сафар на танҳо як ҳаракати оддӣ миёни кишварҳо, балки марҳилаи муҳими таҳкими иртибот бо ҳамватанон, баррасии масъалаҳои созмонӣ ва ташаккули дурнамои равшани фаъолияти оянда буд.

Сафари корӣ аз 17.03.2026, дар арафаи Иди саъиди Фитр ва оғози соли нави ҳиҷрии шамсии 1405 оғоз гардид. Ин интихоб худ рамзӣ ва табиӣ буд, оғози нав бо рӯҳияи нав, ниятҳои пок ва ҳадафҳои возеҳу равшан.

Дар Фаронса мулоқотҳо бо намояндагии ин кишвар дар фазои дӯстона ва созанда баргузор шуданд. Намояндаи ҲИТ дар ин кишвар Ҳусниддин Даминзода низ дар ин бахши сафар ҳамроҳӣ намуда, барои пешбурди фаъолияти Ҳаракат пешниҳодҳои судманд ироа карданд. Яке аз рӯйдодҳои муҳими ин бахш тасдиқи оинномаи Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон (ҲИТ) то санаи 29.03.2026 буд. Гарчанде рӯйи ин санад моҳҳо кор бурда шуда буд, аммо аз 21 март то 29 март ҳар банди он дар Шӯрои Сиёсӣ бознигарӣ ва такмил дода шуд. Ин як қадами ҷиддӣ дар самти ташаккули сохтори устувор ва қонуниятноки ҳаракат ба ҳисоб меравад. Намояндагии Фаронса инчунин тавонист як силсила мулоқотҳоро бо аъзо ташкил намояд, ки дар натиҷа қариб бо тамоми аъзо дидору гуфтугӯ сурат гирифт.

Дар Олмон низ мулоқотҳо бо ҳамватанон ва афроди гуногуни муқими ин кишвар бисёр судманд ва пурмуҳтаво буданд. Рӯзи 05.04.2026 бо ташаббуси намояндагии Олмон, таҳти роҳбарии Ҳамзабек Нуров, нишасти расмии намояндагӣ бо ҳузури роҳбар баргузор гардид. Дар ин нишаст бо ҳузури аъзои ҲИТ масъалаҳои муҳими дохилӣ ва стратегӣ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, дар мавриди барномаи Ҳаракати Ислоҳотхоҳон суҳбат рафт ва қарор шуд, ки то миёнаи моҳи майи соли 2026 барномаи ниҳоии ҳаракат таҳия ва ба аъзо ва ҳаводорон пешниҳод гардад.

Ҳамчунин дар Олмон пешниҳод гардид, ки як ҷавон ба ҳайси раиси бахши ҷавонони ҲИТ таъйин карда шавад. Ин пешниҳод бо он асоснок шуд, ки теъдоди зиёди ҷавонони тоҷик дар Олмон зиндагӣ мекунанд ва барои кор бо онҳо бояд шахси ҳамсину ҳамназари онҳо фаъолият намояд. Пас аз тасдиқ дар Шӯрои Сиёсӣ, ин шахс фаъолияти худро расман оғоз хоҳад кард. Илова бар ин, чанд номзади дигар аз намояндагиҳои гуногун ба ҳайати Шӯрои Сиёсӣ пешниҳод гардиданд, ки ин нишонаи густариши ҳаракат ва ҷалби кадрҳои нав мебошад.

Мулоқотҳо бо баъзе афроди сиёсии дигар дар Олмон низ муҳим ва дорои аҳамияти хос буданд. Гарчанде ин гуфтугӯҳо ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоӣ қарор доранд, аммо метавон умед дошт, ки дар оянда натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳанд овард.

Сафари раиси ҲИТ ба Лаҳистон, махсусан шаҳри Варшава, се рӯз идома ёфт ва аз лиҳози эҳсосӣ ва маънавӣ яке аз пуртаъсиртарин бахшҳои ин сафар буд. Бо ҳамватанони муқими ин кишвар, аз ҷумла бо шахсиятҳои фаъол ва бонуфуз, чандин нишастҳои самимӣ баргузор гардид. Миннатдории самимӣ ба ҳамаи онҳое, ки дар ин мулоқотҳо ширкат варзиданд ҳузури онҳо мояи ифтихор ва нишонаи зинда будани рӯҳияи миллӣ мебошад.

Аввалин рӯзи сафар ба Лаҳистон аз зиёрати оромгоҳи қиблагоҳашон оғоз ёфт. Дар ин зиёрат Эшони Абдусаттор Бобоев ва чанд нафари дигар ҳамроҳӣ доштанд. Ин лаҳза барои иштирокдорон бисёр вазнин, вале ҳамзамон пурмаъно буд — эҳсосоте, ки баён карданаш воқеан осон нест.

Дар мулоқотҳои ҷудогона масъалаи ифтитоҳи намояндагии ҲИТ дар Лаҳистон мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Суҳбатҳо тӯлонӣ ва умедбахш буданд ва интизор меравад, ки дар ояндаи наздик ин намояндагӣ низ расман таъсис ёбад.

Метавон гуфт, ки тоҷикони муқими Лаҳистон дар рӯҳияи хеле хуб қарор доранд. Онҳо бо оғӯши боз истиқбол намуда, барои идомаи мубориза омодагии худро нишон доданд. Чуноне ки дар солҳои 2015–2016 буданд, дар мавқеъ ва эътиқоди худ тағйир наёфтаанд. Аммо як талаб ва хостаи асосии онҳо шаффофият дар мубориза мебошад. Онҳо аз ҷудоӣ ва тафриқае, ки режим дар дохили ҷомеаи Тоҷикистон барангехтааст, безоранд ва хоҳони ваҳдату ҳамбастагии воқеӣ дар хориҷ аз кишвар мебошанд.

Ба андешаи аксари ҳамватанон хостори ислоҳот ва тағийрот дар шакл ва наҳваи муборизаҳои сиёсӣ мебошанд.

Бо назардошти теъдоди назарраси шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар, зарур аст, ки ҳамгироӣ ва ҳамоҳангӣ бештар тақвият дода шавад ва ҳамаи ихтилофҳои дохилӣ канор гузошта шаванд. Агар ин иқдоми инсиҷом ва фаъолияти диаспораҳо бо услуби дуруст роҳандозӣ нагардад, авоқиби хубе дар оянда надорад, бахусус миёни насли ҷавон, ҷиддӣ боқӣ мемонад. Ин ба маънои дур мондани ҷавонон аз ҳувияти миллӣ, забон ва арзишҳои худ мебошад. Ин раванд танҳо ба Лаҳистон маҳдуд нест, балки дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки марказҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ фаъолтар гардида, кори муназзам анҷом диҳанд.

Сафар ба Ҳолланд аз вохӯрӣ бо ҳамватанон дар шаҳри Амстердам оғоз шуд. Дар ин вохӯрӣ фаъолони сиёсӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ, аъзо ва ҷонибдорони Ҳаракат иштирок намуданд.

Дар назар аст, ки намояндагии ҲИТ дар Ҳолланд ифтитоҳ гардад.

Дар маҷмӯъ, ин сафари корӣ нишон дод, ки новобаста аз масофаҳо ва шароити гуногун, рӯҳияи ҳамбастагӣ миёни ҳамватанон ҳанӯз зинда аст. Омодагии мардум барои саҳмгузорӣ дар роҳи тағйирот, адолат ва ояндаи беҳтар ба хубӣ эҳсос гардид.

Ҳаракат танҳо бо сухан пеш намеравад — он ба ирода, эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ ниёз дорад. Имрӯз ин се унсур беш аз пеш эҳсос мешавад.

Бо чунин рӯҳия, Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон ба марҳилаи нави фаъолияти худ ворид мегардад. Тақвияти сафҳо ва густариши фаъолияти созмонӣ аз авлавиятҳои асосӣ боқӣ мемонад. Интизор меравад, ки натиҷаҳои ин сафар дар ояндаи наздик ба иқдомҳои мушаххас ва дастовардҳои воқеӣ табдил ёбанд.

Сафарҳо ба манотиқ ва кишварҳои Аврупо идома доранд. Умуман, дар ҳамаи кишварҳое, ки намояндагиҳои Ҳаракат мавҷудияти худро эълон кардаанд, баргузории мулоқотҳо, дидубоздидҳо ва ҷаласаҳо дар доираи барномаҳои сафарҳои кории роҳбарияти Ҳаракат қарор дорад.

Дастгоҳи иҷроияи Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон

17 апрели 2026 сол

Сообщение Дидубоздидҳо аз Фаронса то Олмон, Лаҳистон ва Ҳолланд появились сначала на Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон.

Вохӯрии роҳбари Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон бо аъзои намояндагӣ дар Олмон баргузор гардид
5 апрели соли 2026 мулоқоти роҳбари Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон (ҲИТ) бо аъзои намояндагии ҳаракат дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид. Ин вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулиятшиносӣ сурат гирифта, масоили муҳимми марбут ба фаъолияти ҷорӣ ва дурнамои Ҳаракат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбари Ҳаракат зимни суханронии худ аз раванди қабул ва такмили оинномаи ҲИТ ёдовар шуда, онро ба аъзои намояндагӣ муаррифӣ намуданд. Таъкид гардид, ки оиннома ҳамчун санади асосӣ бояд барои ҳар як узви Ҳаракат роҳнамо ва меъёри фаъолияти сиёсӣ бошад.

Ҳамзамон дар мавриди барномаи сиёсии Ҳаракат, ки дар ҳоли таҳия қарор дорад, маълумоти мухтасар пешниҳод шуд. Роҳбари Ҳаракат изҳор доштанд, ки барномаи комили ҲИТ то миёнаҳои моҳи майи соли ҷорӣ омода гардида, ба аъзои Ҳаракат ва ҷомеа пешниҳод хоҳад шуд. Ба гуфтаи эшон, ин барнома равшанкунандаи ҳадафҳо, арзишҳо ва роҳкорҳои амалии Ҳаракат хоҳад буд.

Дар идомаи мулоқот масъалаи ахлоқи сиёсӣ ва муносибат бо дигар неруҳои мухолиф мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Таъкид шуд, ки тамоми аъзо бояд дар муносибатҳои худ бо намояндагони дигар аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф ҳамеша одоби баланди сиёсӣ ва эҳтироми мутақобилро риоя намоянд.

Бо таваҷҷуҳ ба он ки Олмон яке аз кишварҳои муҳими аврупоӣ бо ҷамъияти зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, зарурати тақвияти фаъолияти намояндагӣ ва густариши кор бо ҷомеаи муҳоҷирон таъкид гардид.

Ҳамчунин роҳбари Ҳаракат аз баргузории як қатор мулоқотҳои судманд бо фаъолон, ҷонибдорон ва ҳаводорони Ҳаракат дар Олмон хабар дода, онҳоро барои рушди минбаъдаи Ҳаракат муҳим арзёбӣ карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ба раиси намояндагии ҲИТ дар Олмон Ҳамзабек Нуров дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби аъзои нав, муаррифии густурдаи Ҳаракат ва таҳкими сохторҳои маҳаллӣ талошҳои бештар анҷом диҳанд.

Ҳамчунин дар ин нишаст номзади раиси бахши ҷавонони ҲИТ муаррифӣ гардид. Қарор аст, ки пас аз тасдиқи расмии мақоми ӯ аз ҷониби Шӯрои сиёсӣ, фаъолияти худро оғоз намояд. Номи номзад пас аз анҷоми расмиёти зарурӣ ба таври расмӣ эълон хоҳад шуд.

Дар поёни вохӯрӣ роҳбари Ҳаракат аз аъзо даъват ба амал оварданд, ки дар роҳи муборизаи сиёсӣ сабр, устуворӣ ва ваҳдатро ҳифз намоянд, аз ихтилофоти дохилӣ ва баҳсҳои беҳосил худдорӣ кунанд ва масъулияти шахсии худро дар рушди Ҳаракат эҳсос намоянд. Таъкид гардид, ки Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон ният дорад бо такя ба барномаи равшан, ақлу хирад ва пуштибонии мардум ба як неруи таъсиргузори сиёсӣ табдил ёбад.

Дастгоҳи иҷрояи Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон

6.04.2026

Сообщение Вохӯрии роҳбари Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон бо аъзои намояндагӣ дар Олмон баргузор гардид появились сначала на Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон.

ҲАРАКАТИ ИСЛОҲОТХОҲОНИ ТОҶИКИСТОН ОИННОМАИ ХУДРО ҚАБУЛ КАРД
Дар шароите, ки саҳнаи сиёсӣ солҳои тӯлонӣ аз бесарусомонӣ, худсарӣ ва набуди меъёрҳои равшан ранҷ мебарад, Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон як қадами ҷиддӣ ва таърихӣ гузошт, оинномаи расмии худро қабул кард.

Тибқи супориши раиси ҲИТ дар аёми иди саъиди Фитр ва фарорасии соли нави ҳиҷрии шамсӣ дар вохӯрӣ бо намояндагии ҲИТ дар Фаронса ба масулини дахлдор барои таҳияи лоиҳаи оиннома ва пешниҳоди он ба Шӯрои сиёсӣ, пешнависи он санади муҳим рӯзи 29.03.2026 дар ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ пешниҳод гардид. Дар он нишаст аъзоён ба таври фаъол иштирок намуда дар бандҳои калидӣ мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро иброз доштанд. Пешниҳодҳое, ки на танҳо шакл, балки мазмуни ояндаи ҳаракатро тағйир доданд.

Баъдан, матни такмилёфта пас аз чанд соат баҳсҳои тӯлонӣ, бархӯрди андешаҳо ва таҳлилҳои амиқ барои роҳбурдии оянда лаҳзаи ҳалкунанда фаро расид:

оиннома ба овоз гузошта шуд.

Пас аз баррасии ҳамаҷониба дар тамоми бандҳо ва бо дарназардошти тамоми мулоҳизаҳо, оиннома аз тарафи ШС қабул гардид.

Ин танҳо як санад нест.

Ин оғози як низоми нав, интизом, масъулият ва муборизаи ҳадафмандона аст.

Аз ин пас Ҳаракат на бо шиор, балки бо қоида, на бо эҳсос, балки бо низом пеш меравад.

Ҳамаи аъзои Ҳаракат акнун метавонанд бо ин санад шинос шуда фаъолияти худро бар асоси як чаҳорчӯбаи мушаххас ва муайян ба роҳ монанд.

Дастгоҳи иҷрояи Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон

Порис

29.03.2026

Сообщение ҲАРАКАТИ ИСЛОҲОТХОҲОНИ ТОҶИКИСТОН ОИННОМАИ ХУДРО ҚАБУЛ КАРД появились сначала на Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон.

Дидори раиси Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон бо намояндагии ҳаракат дар Фаронса
Дар рӯзҳои иди саъиди Фитр ва соли нави 1405 ҳиҷрии шамсӣ раиси Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон Муҳаммадиқболи Садриддин бо намояндагӣ ва аъзои ҳаракат дар Фаронса мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ раиси ҳаракат ҳозиринро ба муносибати фарорасии иди саъиди Фитр ва соли нави ҳиҷрии шамсӣ табрик гуфта, ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти ташкилотӣ ва ҳамоҳангии кори намояндагӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Раиси Ҳаракат дар аснои суҳбат барои ба таври муназзам ба роҳ мондани кору фаъолиятҳои Ҳаракат дар доираи як ойиннома таъкид намуд.

Дар идома Оинномаи ҳаракат якҷо бо аъзоёни намояндагӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Раиси Ҳаракат барои таҳия ва қабули ойинномаи Ҳаракат ба масъулини дахлдор супориш дод, то дар рӯзҳои наздик намунаи ойинномаро ба Шӯрои сиёсӣ пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин намояндаи ҳаракат дар Фаронса Ҳусниддин Даминӣ барномаи кории дафтари ҳаракатро барои соли оянда муаррифӣ кард. Барномаи пешниҳодшуда аз ҷониби раиси ҳаракат ва иштирокдорони мулоқот мусбат арзёбӣ гардид.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аъзои ҳаракат доир ба масъалаҳои гуногун фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Инчунин мулоқоти роҳбарияти Ҳаракат бо дигар намояндагиҳо дар Аврупо ва дидору мулоқот бо шахсиятҳо ва сиёсатмадорони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар назар аст.

Роҳбарияти Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон аз ин фурсати муносиб истифода бурда, мардуми Тоҷикистонро ба муносибати иди саъиди Фитр ва фарорасии соли нави 1405 ҳиҷрии шамсӣ табрик гуфта, барои ҳамагон қабулии тоъоту ибодот, саломатӣ ва муваффақият орзу менамояд.

Дастгоҳи иҷроияи Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон
21.03.2026

Сообщение Дидори раиси Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон бо намояндагии ҳаракат дар Фаронса появились сначала на Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон.

Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон дар бораи куштори ваҳшиёнаи Қобилҷон Алиев, кӯдаки ноболиғи тоҷикистонӣ дар вилояти Маскав, силсилакушторҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.
Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон куштори ваҳшиёна, ғайриинсонӣ ва ошкоро нажодпарастонаи кӯдаки ноболиғи тоҷикистонӣ Қобилҷон Алиев дар вилояти Маскави Федератсияи Русияро бо шадидтарин лаҳн маҳкум менамояд. Мо ин ҷиноятро на як ҳодисаи тасодуфӣ, балки натиҷаи мустақими сиёсати хиёнатбор, вобастагӣ ва итоаткоронаи ҳукумати худкомаи Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Федератсияи Русия ва Кремлин мешуморем.

Қатли Қобилҷон Алиев танҳо куштори як кӯдак нест. Ин қатли шаъну шарафи миллат, қатли виҷдон ва қатли масъулияти давлатест, ки худро ҳомии шаҳрвандонаш вонамуд мекунад, аммо дар амал онҳоро ба қурбонии сиёсати дигарон табдил додааст.

Ин ҷиноят дар заминаи афзоиши ошкорои нафрат, нажодпарастӣ, табъиз ва хушунати миллӣ дар Русия рух додааст фазое, ки солҳои охир зери таъсири таблиғоти расмии Кремл, идеологияи бартариятталабии миллӣ ва шовинизми русӣ шакл гирифтааст.

Мо бо қатъият изҳор медорем, ки ин идеология моҳиятан ба фашизм наздик буда, метавонад бо истилоҳи «русизм» -фашизми муосири русӣ тавсиф шавад.

Силсилакушторҳои тоҷикон: фоҷиае, ки солҳост идома дорад
Фоҷиа бо Қобилҷон Алиев ҳодисаи ҷудогона нест. Солҳои охир шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла кӯдакон ва наврасон, дар Федератсияи Русия пайваста мавриди хушунат ва куштор қарор гирифтаанд:

соли 2004 дар Санкт-Петербург кӯдаки ҳаштсолаи тоҷик Хуршеда Султонова аз гурӯҳҳои неоназистӣ ва нажодпарасти рус ба таври ваҳшиёна кушта шуд;

соли 2016 дар Санкт-Петербург навраси 17-солаи тоҷик бо зарбаҳои корд ба ҳалокат расид;

соли 2018 дар вилояти Маскав кӯдаки панҷсолаи тоҷик Хувайдо Тиллозода рабуда, таҷовуз ва кушта шуд;

соли 2019 тибқи иттилои расмӣ даҳҳо муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия бо марги зӯроварона ҷон бохтанд;

соли 2020 парвандаҳои куштори кӯдакони тоҷик бидуни ҷавобгарии воқеӣ боқӣ монданд;

соли 2025 куштори Қобилҷон Алиев боз як далели фоҷиаи идомаёбанда гардид.

Бо вуҷуди ҳамаи ин кушторҳои ваҳшиёна аз қатли кӯдакони ноболиғ то кушта шудани муҳоҷирони корӣ ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалан ҳеҷ коре анҷом надод.
На як нотаи ҷиддии дипломатӣ,
на талаби таҳқиқи байналмилалӣ,
на ҳифзи воқеии шаҳрвандон,
на ҳатто изҳори ҳамдардии расмӣ дар сатҳи роҳбари давлат.

Ин хомӯшӣ дигар бетафовутӣ нест-ин шарикӣ дар ҷиноят аст.
Ҷанги Украина: тоҷикон ҳамчун қурбонии сиёсати бегона
Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон ҳамчунин бо шадидтарин лаҳн ҷалби маҷбурӣ ва кушта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги Украина-ро маҳкум менамояд.

Садҳо, эҳтимол ҳазорон ҷавони тоҷик,муҳоҷирони корӣ ва маҳбусон бо фиреб, таҳдид, ваъдаи пул, шаҳрвандӣ ё раҳоӣ аз маҳбас ба ҷанги бегона бурда шуданд ва ҳамчун гӯшт дар муқобили туп қурбон гардиданд.

Ин ҷиноят низ бидуни ризоият ва сукути ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон имконпазир намебуд. Давлате, ки шаҳрвандонашро аз ҷангҳои бегона ҳифз намекунад, шарики мустақими ҷиноятҳои ҷангӣ мебошад.

Созмонҳои миллатгарои русӣ-бо ҳимояти давлат
Мо изҳори нигаронии ҷиддӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои миллатгаро ва нажодпарасти русӣ, аз ҷумла «Русская община», мекунем, ки таҳти ҳимояти ошкоро ё пинҳонии сохторҳои давлатии Федератсияи Русия фаъолият доранд.
Ин гурӯҳҳо солҳост муҳоҷирони тоҷикро таҳқир, тарсондан ва мавриди ҳамла қарор медиҳанд, аммо ҳукумати Тоҷикистон боре ҳам онҳоро расман маҳкум накардааст.

Масъулияти сиёсӣ

Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон таъкид мекунад:
Қобилҷон Алиевро танҳо як ҷинояткор накушт- ӯро сиёсати вобастагӣ, хомӯшӣ ва итоаткоронаи ҳукумати Раҳмонов кушт.

Давлате, ки шаҳрвандонашро ҳимоя намекунад, давлате, ки аз қатли кӯдак хомӯш мемонад, давлате, ки ҷавононашро ба ҷанги бегона мефиристад, наметавонад худро намояндаи миллат номад.

ТАЛАБОТИ МО:

Вокуниши фаврӣ ва қотеъи ҳукумати Тоҷикистон бо таъкиди ангезаҳои миллӣ ва нажодпарастонаи куштори Қобилҷон Алиев;

Таҳқиқи мустақил ва байналмилалии ҳамаи кушторҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия;

Таъмини ҳифзи воқеии ҳуқуқ ва амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ;

Қатъи фаврии ҷалби иҷбории шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷанги Украина;

Бознигарии ҷиддии ҳузури низомии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон.

Паём ба муҳоҷирони тоҷик

Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон ба тоҷикони муқими Русия муроҷиат мекунад:

ҷони шумо ва ҷони фарзандонатон аз ҳама чиз арзишмандтар аст.

Дар шароите, ки давлат шуморо ҳимоя намекунад, наҷоти ҷони худ ҳаққи шумост.

Ҳаёти ҳар шаҳрванди Тоҷикистон арзиш дорад.
Қобилҷон фаромӯш нахоҳад шуд.

Хуни кӯдакон ва ҷавонони тоҷик дер ё зуд домони масъулони кунӯнии кишварро хоҳад гирифт.

Шӯрои сиёсии Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон
17 декабри соли 2025
Порис, Фаронса

Сообщение Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон дар бораи куштори ваҳшиёнаи Қобилҷон Алиев, кӯдаки ноболиғи тоҷикистонӣ дар вилояти Маскав, силсилакушторҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия. появились сначала на Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон.

Баёнияи пайвастшавии намояндагии ПМТ дар Фаронса ба Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон
Намояндагии ПМТ дар Фаронса бо нашри ин баёния эълом медорад, ки аз ин ба баъд фаъолияти худро ба таври расмӣ дар чорчӯби Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон идома медиҳад ва пайвастагии комили худро бо ин ҳаракати сиёсии нав ва мардумӣ эълон менамояд.

Ин тасмим дар натиҷаи бетаваҷҷуҳӣ, бемасъулиятӣ ва бекифоятии раҳбарияти ПМТ гирифта шудааст. Аз аввали соли 2025 намояндагии Фаронса борҳо аз роҳбарият талаб кард, ки ҳисобот пешниҳод намоянд ва раванди ислоҳот ва тағйироти дарозмуддатро, ки бо талоши зиёди аъзоён роҳандозӣ шуда буд, ба таври ҷиддӣ ва амалӣ пайгирӣ намоянд. Аммо, мутаассифона на танҳо ҳисобот пешниҳод нашуд, балки худи идеяи ҳисоботдиҳӣ ба таври таҳқиромез рад гардид ва он бо як муқоисаи номуносиб ба ниҳодҳои худкома ва амниятии давлат тамсил дода шуд «гузориш додан ба шумо гузориш додан ба Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимов аст»

Ин тарзи бархӯрд ва худсарии роҳбарияти ПМТ, ки муқобили арзишҳои ҳизбӣ ва сиёсӣ аст зарбаи сахте ба руҳияи аъзоён ворид намуд.

Ғайр аз ин амалкарди зоҳирӣ ва намоишии иддаои «ислоҳот» бе ҳеҷ тағйири воқеӣ дар сохтор ё шеваи раҳбарӣ, нишон дод, ки роҳбарият ҳеҷ ирода барои тағйир надорад.

Мутаассифона вазъро бархе афроди наздик ба роҳбарият бо суханони таҳқиромез ва таҳдидомези худ боз ҳам муташанниҷтар гардониданд. Гарчанде мо талош доштем ин ихтилофро дар дохили созмон ҳал намоем, аммо чунин бархӯрдҳо моро водор карданд, ки ба таври мустақил иқдом намоем.

Бо ҳамин намояндагии пешини ПМТ дар Фаронса фаъолияти худро қатъ намуда ба ҳайси Намояндагии расмии Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон дар Фаронса идома медиҳад.

Ҳамзамон, мо эълон медорем, ки Ҳусниддин Даминов ба ҳайси раиси нави намояндагии ҲИТ дар Фаронса интихоб шудааст.

Намояндагии ПМТ дар Фаронса, ки аз соли 2018 фаъолият дошт ва яке аз марказҳои фаъолтарини сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар Аврупо маҳсуб мешуд, пас аз машварат ва баррасии ҳамаҷониба дар ҷаласаи 22 августи соли 2025 тасмими гирифтем, ки якдилона ба Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон (ҲИТ) мепайвандем. Протоколи ин ҷаласаи намояндагӣ ба Дастгоҳи иҷрояи ПМТ ирсол карда шуд.

Мо ба хотири адолат, ислоҳот ва наҷоти Тоҷикистон аз низоми худкома ва низоми фасодзада муборизаро идома хоҳем дод.

Бо эҳтиром

Намояндагии Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон дар Фаронса

19 сентябри 2025

Париж, Фаронса

Сообщение Баёнияи пайвастшавии намояндагии ПМТ дар Фаронса ба Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон появились сначала на Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон.

Изҳороти расмии муассисон ва гурӯҳи тадорукоти ҳаракати сиёсии «Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон»
Ҳамватанони азиз!

Мо, гурӯҳе аз шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистон, ба шумо мужда медиҳем, ки бо ирода ва эҳсоси баланди ватандорӣ ва масъулият дар баробари сарнавишти миллат, ҳаракати нави сиёсии «Ислоҳотхоҳон»- ҳамчун як ҳаракати ислоҳотталаб ва озодихоҳро имрӯз расман таъсис ва эълон медорем.

Аксари аъзоёни  ин ҳаракати ҷадид дар даҳ соли охир, ба далели зулм ва таъқиб, дар хориҷ аз кишвар ба унвони паноҳанда ба сар мебаранд. Аммо дурӣ аз ватан моро аз ишқу ормони он канда натавонист. Мо бо ҳам аз гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон гирд омадем, бо нияти ягона кӯтоҳ кардани роҳи бозгашт ба Ватан ва наҷоти мардум аз як ҳукумати худкома ва оилавӣ, ки беш аз сӣ сол аст сарзамини моро ба асорат гирифтааст.

Мо шуморо шаҳрвандони бедор ва озодихоҳи Тоҷикистон даъват мекунем, ки бо мо бошед, моро ҳамроҳӣ намоед ва дар ин роҳи пурифтохору пурмасъулият шарик гардед.

Чаро мо вориди саҳнаи сиёсӣ шудем?

Пештар низ мо бо шеваҳои мухталиф аз нияти ташкили чунин ҳаракат хабар дода будем. Ҳадаф равшан аст: наҷоти миллат ва давлати Тоҷикистон аз вартаи диктотураи хонаводагӣ.

Моро садҳо паём, нома ва зангҳои ҳимоятгаронаи шумо рӯҳбаланд ва мутмаин сохт, ки вақти амал фаро расидааст.

Мо эълон медорем: муборизаро то охир идома медиҳем. Ва охири ин роҳ сарнагунии режими худкомаи диктаторӣ мебошад.

Ин режим давлати моро ба дастгоҳи манофеъ барои хонаводааш табдил додааст. Ҳар рӯзе ки ин режим бар сари қудрат аст, фақр, фасод, муҳоҷират, бедодӣ ва нобаробарӣ бештар мешавад. Моро дигар чораи ҷуз мубориза боқӣ намондааст.

Ҳамгироӣ бо дигар нерӯҳои мухолиф

Мо бо тамоми неруҳои мухолифи режими диктаторӣ барои як ҳадафи муштарак, ки он ҳам наҷоти Ватан аст, омодаи ҳамкорӣ ҳастем.

Ҳар нерӯе, ки бо диктатура мубориза мебарад, барои мо ҳамсаф ва шарики стратегӣ аст. Канори ҳамаи мухолифин меистем, ҳамчуноне, ки оғӯши мо ба рӯи так-таки муборизон боз аст. Ҳеҷ мухолифи воқеии ин режим мухолифи мо нест ва наметавонад бошад, ҳамаи мо фарзандони як миллат ва як сарзаминем.

Ҳадафи мо чист?

Тоҷикистоне мехоҳем, ки мардумаш озод бошад.

Тоҷикистоне мехоҳем, ки мардумаш ҳоким бошад.

Тоҷикистоне мехоҳем, ки ҳукуматаш интихобӣ ва ҷавобгӯ бошад.

Мо озодӣ, адолат, шаффофият ва баробари дар ҳама заминаҳоро талаб дорем.

Мо ислоҳот мехоҳем, тағйири амиқ ва воқеӣ. Ва барои ин мақсад, тамоми василаҳои муборизоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва шаҳрвандиро истифода хоҳем кард.

Намояндагиҳои «Ислоҳотхоҳон» дар кишварҳои мухталиф

Бояд зикр намоем,ки таъхири мо дар эълони ҳаракат ин ҷобаҷогузорӣ ва таъсиси намояндагиҳоямон дар кишварҳои гуногӯн буд. Чанд рӯз пеш дар ҷаласаи намояндагиҳо аз такмил ва омодагияшон ба гурӯҳи тадорукот ва муассисон хабар доданд.

Феълан «Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон» дар ин кишварҳо арзи ҳастӣ менамоянд:

Фаронса, Олмон, Итолё, Испонё, Бритонё, Лаҳистон, Латвия, Туркия, ИМА , Конодо, Мексик, Зеландияи нав.

Дар ояндаи наздик дар кишварҳои дигаре, ки шаҳрвандони Тоҷикистон онҷо зиндагонӣ мекунанд намояндагиҳои ҳаракатро таъсис хоҳем кард.

Дар ҷаласаи якҷояи муассисон, гурӯҳи тадорукот ва намояндагиҳо Муҳаммадиқболи Садриддин роҳбари «Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон» интихоб гардид.

Даъвати мо ба шумо

Мо ба таври ошкор ва аланӣ фаъолият хоҳем кард. Ҳеҷ кори пинҳонӣ ва сиррӣ нахоҳем дошт. Пуштибони мо бидуни ҳеҷ шакку тардиде шумоед, мардум! Чи дар дохил ва чи дар хориҷ.

Биёед бо ҳам муттаҳид шавем! Ин ҷанги миллат бо як режими хонаводагист ва пирӯзии миллат дар ин набард ногузир аст.

Ба ҳимояти шумо ниёз дорем. Ба дуъои шумо ниёз дорем. Итминони комил дорем, ки Худованд моро дар ин роҳи ҳақ ҳимоят ва кӯмак хоҳад кард.

«Бо қалам, бо нидо, бо ислоҳот Тоҷикистонро месозем!»

«Навис, бигӯ, бархез- ислоҳот аз ту оғоз меёбад!»

«Фасод- душмани миллат. Ислоҳот-наҷоти миллат!»

ИСЛОҲОТ ТАҒЙИРОТ ПЕШРАФТ

Зинда бод озодӣ!

Зинда бод Тоҷикистон!

Бо эҳтиром ва самимият:

Муассисон ва гурӯҳи тадорукоти «Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон»

06.08.2025

Сообщение Изҳороти расмии муассисон ва гурӯҳи тадорукоти ҳаракати сиёсии «Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон» появились сначала на Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон.