Admin, Автор в Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон

ҲИТ дар соли аввал: аз таъсис то ташаккули сохторӣ, камбудиҳо ва нақшаҳои оянда
Гузориши солонаи Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон

Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон 6 августи соли 2025 дар шароите таъсис ёфт, ки ҷомеаи Тоҷикистон бо мушкилоти амиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ буд. Маҳдуд шудани озодиҳои шаҳрвандӣ, густариши фасод, муҳоҷирати оммавӣ, заъфи волоияти қонун ва парокандагии неруҳои мухолиф зарурати таъсиси як ҳаракати нави ислоҳотхоҳро ба миён овард.

ҲИТ барои рақобат бо дигар гурӯҳҳои мухолиф таъсис дода нашудааст. Ҳадафи он муттаҳид кардани неруҳои ислоҳотхоҳ, пешниҳоди роҳи осоиштаи тағйироти сиёсӣ ва таҳияи тасаввури равшан аз ояндаи Тоҷикистон мебошад.

Шиори Ҳаракат — «ИСЛОҲОТ — ТАҒЙИРОТ — ПЕШРАФТ» — баёнгари он аст, ки бе ислоҳоти бунёдӣ тағйироти воқеӣ ва пешрафти кишвар имконнопазир мебошад.

Соли аввали фаъолияти ҲИТ соли муаррифӣ, таъсиси сохтор ва муайян кардани самтҳои асосии фаъолият буд. Дар ин давра Ҳаракат аз марҳалаи эълон ба марҳалаи ташаккули созмонӣ расид, ҳарчанд ҳанӯз дар оғози роҳи худ қарор дорад.

Бунёди сохтори Ҳаракат

Дар давоми соли аввал Шӯрои сиёсии ҲИТ таъсис ёфт ва Дастгоҳи иҷроия ба фаъолият оғоз кард. Масъулиятҳои роҳбарӣ муайян гардида, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дастгоҳи иҷроия таъйин шуд. Низомномаи Ҳаракат таҳия гардид. Нишастҳои дохилӣ баргузор шуда, масъалаҳои сиёсӣ, созмонӣ ва иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Фаронса, Олмон, Италия, Туркия, Латвия, Бритониё, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мексика ва Канада, намояндагиҳо ва гурӯҳҳои ҷонибдорони Ҳаракат таъсис дода шуданд.

Аммо фаъолияти ҳамаи намояндагиҳо дар як сатҳ набуд. Бархе аз онҳо фаъолтар кор карданд ва баъзеи дигар ҳанӯз натавонистанд фаъолияти мунтазаму натиҷабахшро ба роҳ монанд, ҳарчанд барои беҳтар намудани кори худ талош доранд.

Аз ин рӯ, дар соли дуюм фаъолияти ҳар намояндагӣ алоҳида арзёбӣ хоҳад шуд. Ҳар сохтор бояд масъули мушаххас, нақшаи семоҳа ва низоми хаттии ҳисоботдиҳӣ дошта бошад.

Дар ин давра аъзоён ва ҷонибдорони нав ба Ҳаракат пайвастанд. Бо вуҷуди ин, рақамҳои ниҳоӣ танҳо баъд аз ҷамъбасти ҳисоботи намояндагиҳо пешниҳод хоҳанд шуд. ҲИТ аз нашри рақамҳои тасдиқнашуда худдорӣ мекунад.

Мавқеи сиёсӣ

ҲИТ дар соли аввал мавқеи худро нисбат ба масъалаҳои муҳими Тоҷикистон ба ҷомеа пешниҳод намуд.

Ҳаракат ҷонибдори гузариши осоишта аз низоми худкома ба низоми мардумсолорӣ мебошад. Тағйироти сиёсӣ набояд тавассути хушунат, интиқом ё ноором кардани ҷомеа сурат гирад. ҲИТ роҳи қонуниятнок, марҳилавӣ ва бо иштироки мардумро ҷонибдорӣ мекунад.

Волоияти қонун ва истиқлолияти додгоҳ аз шартҳои асосии бунёди давлати одил ба шумор мераванд. То замоне ки додгоҳҳо мустақил набошанд ва қонун барои шаҳрвандону мансабдорон баробар амал накунад, мубориза бо фасод ва беадолатӣ натиҷаи воқеӣ нахоҳад дод.

ҲИТ озодии баён, матбуот, дин, эътиқод ва фаъолияти сиёсиро аз ҳуқуқҳои бунёдии шаҳрвандон медонад. Озод кардани маҳбусони сиёсӣ, қатъ намудани таъқиби дигарандешон ва фароҳам кардани шароити фаъолияти озоди расонаҳо аз талабҳои муҳими Ҳаракат мебошанд.

Ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик низ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲИТ буд. Мушкили муҳоҷират танҳо ба набудани ҷойи кор маҳдуд намешавад. Он натиҷаи бекорӣ, камбизоатӣ, фасод ва набудани имкониятҳои рушди иқтисодӣ дар дохили кишвар мебошад.

Ҳаракат инчунин мубориза бо фасод ва хонаводаигардонии давлат, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва ислоҳоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва иқтисодро зарур мешуморад.

Фаъолияти иттилоотӣ ва расонаӣ

Фаъолияти расонаӣ яке аз бахшҳои намоёни кори ҲИТ дар соли аввал буд. Дар ин давра матлабҳо, изҳорот, муроҷиатҳо ва барномаҳои мустақими сиёсиву таҳлилӣ нашр гардиданд.

Тавассути барномаи «Минбари муҳоҷир» мушкилот, муроҷиатҳо ва назарҳои шаҳрвандони тоҷик дар хориҷ аз кишвар ба ҷомеа расонда шуданд. Ин барнома ба минбаре барои баррасии масъалаҳои муҳоҷират, ҳуқуқи шаҳрвандон ва вазъи иҷтимоии мардум табдил ёфт.

Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» аз мавҷуд будани иртиботи қавии мо бо мардуми дохили Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Ин иртибот бо вуҷуди монеаҳо, фишорҳо ва маҳдудиятҳое, ки низоми ҳоким эҷод кардааст, идома дорад.

ҲИТ инчунин кӯшиш кард ба таблиғот ва маъракаҳои бадномсозии ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бо таҳлил, далел ва пешниҳоди мавқеи алтернативӣ посух диҳад.

Пас аз баста ё маҳдуд шудани баъзе платформаҳо фаъолияти иттилоотӣ қатъ нагардид. Кор тавассути сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар расонаҳои алтернативӣ идома дода шуд.

Бо вуҷуди ин, Ҳаракат дарк мекунад, ки фаъолияти расонаӣ бояд бештар бо фаъолияти воқеии сиёсӣ ва созмонӣ пайваст карда шавад. Танҳо нашри барнома ва изҳорот барои ташаккули як неруи муассири сиёсӣ кофӣ нест. Дар айни замон, аз фаъолияти расонаӣ низ наметавон канор рафт, зеро он яке аз василаҳои асосии иртибот бо ҷомеа мебошад.

Дастовардҳои асосӣ

Дар ҷамъбасти соли аввал панҷ дастоварди асосиро метавон зикр кард:

Якум, ҲИТ ҳамчун як ҳаракати мустақили сиёсӣ ба ҷомеа муаррифӣ гардид.

Дуюм, сохтори ибтидоии роҳбарӣ ва иҷроии Ҳаракат таъсис ёфт.

Сеюм, дар чанд кишвари хориҷӣ намояндагиҳо ва гурӯҳҳои ҷонибдорон ташкил гардиданд.

Чорум, робита бо муҳоҷирон, фаъолон ва ҷонибдорони дохилу хориҷ густариш ёфт.

Панҷум, мавқеи Ҳаракат дар масъалаҳои ҳуқуқи инсон, озодии баён, мубориза бо фасод ва ислоҳоти кишвар ба ҷомеа пешниҳод шуд.

Ин дастовардҳо муҳиманд, вале ҲИТ онҳоро бузургтар аз воқеият нишон намедиҳад. Ҳаракат ҳанӯз ба як созмони пурра ташаккулёфта ва дорои имкониятҳои васеъ табдил наёфтааст.

Камбудиҳо ва дарсҳо

Дар баробари дастовардҳо, соли аввал камбудиҳои ҷиддиро низ ошкор кард.

Фаъолияти ҳамаи намояндагиҳо яксон набуд. Баъзе аъзоён вазифаҳои гирифтаи худро пурра иҷро накарданд. Низоми ҳисоботдиҳӣ ҳанӯз комил нашудааст ва ҳамоҳангӣ байни сохторҳо бояд беҳтар гардад.

Ҷалби ҷавонон ва занон ба сатҳи зарурӣ нарасидааст. Робита бо дохили Тоҷикистон бо сабаби фишорҳои амниятӣ ва зарурати ҳифзи шаҳрвандон маҳдуд боқӣ монд. Ҳаракат инчунин бо камбуди захираҳои инсонӣ, молиявӣ ва созмонӣ рӯ ба рӯ шуд.

Аммо мушкил танҳо набудани маблағ набуд. Тақсими нодурусти баъзе вазифаҳо, назорати нокофии иҷро ва дер амалӣ шудани баъзе тасмимҳо низ ба пешрафти фаъолият таъсир расонданд. Дар баробари ин, бисёре аз камбудиҳо дар ҷараёни фаъолият ислоҳ гардида, барои беҳтар намудани кор тасмимҳои ҷиддӣ қабул шуданд.

Таҷрибаи соли аввал нишон дод, ки Ҳаракат танҳо бо номи роҳбар пеш намеравад. Ҳар узв бояд масъулияти мушаххас дошта бошад. Шумораи зиёди аъзоён бидуни интизом, масъулият ва садоқат ба ҳадаф натиҷа намедиҳад.

Дарси дигари муҳим ин аст, ки фаъолияти расонаӣ бояд ба кори воқеии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва созмонӣ пайваст шавад. Мухолифат набояд танҳо ба амалҳои ҳукумат вокуниш нишон диҳад. Он бояд барнома, роҳҳал ва тасаввури равшани худро аз Тоҷикистон баъд аз тағйирот пешниҳод намояд.

Афзалиятҳои соли дуюм

Дар соли дуюм ҲИТ такмили фаъолияти Шӯрои сиёсӣ ва Дастгоҳи иҷроияро аз вазифаҳои асосӣ медонад. Масъулияти ҳар сохтор, ваколати роҳбарон ва тартиби қабули қарорҳо бояд дақиқ ва хаттӣ гарданд. Барномаи Ҳаракат бояд такмил ёфта, фаъолияти ҳамаи сохторҳо мутобиқи он ба роҳ монда шавад.

Фаъолияти ҳамаи намояндагиҳо арзёбӣ шуда, низоми моҳона ва семоҳаи ҳисоботдиҳӣ ҷорӣ хоҳад шуд. Ҳар намояндагӣ бояд масъули муайян, нақшаи корӣ ва ҳисоботи хаттӣ дошта бошад.

Таҳияи барномаи муфассали сиёсию иқтисодии ҲИТ низ аз ҳадафҳои асосӣ мебошад. Ин барнома бояд масъалаҳои сохтори давлат, истиқлолияти додгоҳ, иқтисод, андоз, соҳибкорӣ, маориф, тандурустӣ, муҳоҷират ва сиёсати хориҷиро фаро гирад.

Ҳамчунин кор бо ҷавонон, занон ва муҳоҷирон тақвият дода шуда, барои тарбияи кадрҳо ва сухангӯёни нав барномаҳои омӯзишӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд.

Густариши робита бо созмонҳои ҳуқуқи инсон, расонаҳои мустақил ва ниҳодҳои байналмилалӣ, таҳияи нақшаи гузариши осоиштаи сиёсӣ, ташкили низоми шаффофи маблағгузорӣ ва тақвияти амнияти рақамӣ аз дигар афзалиятҳои соли дуюм мебошанд.

Соли дуюм — соли масъулият ва натиҷа

ҲИТ дар соли аввал пояи худро гузошт, аммо ҳанӯз дар оғози роҳ қарор дорад. Соли аввал соли муаррифӣ ва ташаккул буд. Соли дуюм бояд соли низом, масъулият, густариш ва натиҷаҳои амалӣ бошад.

Аъзоёни Ҳаракат бояд вазифаҳои худро ҷиддӣ қабул кунанд ва танҳо тамошобини равандҳо набошанд. Интиқод бояд бо пешниҳоди роҳи ҳал ҳамроҳ гардад. Ихтилофоти шахсӣ набояд аз ҳадафҳои миллӣ болотар гузошта шаванд.

Ваҳдати ҲИТ бояд дар атрофи арзишҳо, ҳадафҳо ва барномаи муштарак нигоҳ дошта шавад, на дар атрофи шахсиятҳо.

Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон дар соли аввал аз марҳалаи эълон ба марҳалаи ташаккул расид. Вазифаи асосии соли дуюм гузаштан аз сухан ба низоми касбӣ, аз ҳузури рамзӣ ба масъулияти воқеӣ ва аз фаъолияти пароканда ба натиҷаҳои амалӣ мебошад.

Роҳбари Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон
Муҳаммадиқболи Садриддин

6 августи соли 2026

Сообщение ҲИТ дар соли аввал: аз таъсис то ташаккули сохторӣ, камбудиҳо ва нақшаҳои оянда появились сначала на Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон.

Вохӯрии роҳбари Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон бо аъзои намояндагӣ дар Олмон баргузор гардид
5 апрели соли 2026 мулоқоти роҳбари Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон (ҲИТ) бо аъзои намояндагии ҳаракат дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид. Ин вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулиятшиносӣ сурат гирифта, масоили муҳимми марбут ба фаъолияти ҷорӣ ва дурнамои Ҳаракат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбари Ҳаракат зимни суханронии худ аз раванди қабул ва такмили оинномаи ҲИТ ёдовар шуда, онро ба аъзои намояндагӣ муаррифӣ намуданд. Таъкид гардид, ки оиннома ҳамчун санади асосӣ бояд барои ҳар як узви Ҳаракат роҳнамо ва меъёри фаъолияти сиёсӣ бошад.

Ҳамзамон дар мавриди барномаи сиёсии Ҳаракат, ки дар ҳоли таҳия қарор дорад, маълумоти мухтасар пешниҳод шуд. Роҳбари Ҳаракат изҳор доштанд, ки барномаи комили ҲИТ то миёнаҳои моҳи майи соли ҷорӣ омода гардида, ба аъзои Ҳаракат ва ҷомеа пешниҳод хоҳад шуд. Ба гуфтаи эшон, ин барнома равшанкунандаи ҳадафҳо, арзишҳо ва роҳкорҳои амалии Ҳаракат хоҳад буд.

Дар идомаи мулоқот масъалаи ахлоқи сиёсӣ ва муносибат бо дигар неруҳои мухолиф мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Таъкид шуд, ки тамоми аъзо бояд дар муносибатҳои худ бо намояндагони дигар аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф ҳамеша одоби баланди сиёсӣ ва эҳтироми мутақобилро риоя намоянд.

Бо таваҷҷуҳ ба он ки Олмон яке аз кишварҳои муҳими аврупоӣ бо ҷамъияти зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, зарурати тақвияти фаъолияти намояндагӣ ва густариши кор бо ҷомеаи муҳоҷирон таъкид гардид.

Ҳамчунин роҳбари Ҳаракат аз баргузории як қатор мулоқотҳои судманд бо фаъолон, ҷонибдорон ва ҳаводорони Ҳаракат дар Олмон хабар дода, онҳоро барои рушди минбаъдаи Ҳаракат муҳим арзёбӣ карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ба раиси намояндагии ҲИТ дар Олмон Ҳамзабек Нуров дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби аъзои нав, муаррифии густурдаи Ҳаракат ва таҳкими сохторҳои маҳаллӣ талошҳои бештар анҷом диҳанд.

Ҳамчунин дар ин нишаст номзади раиси бахши ҷавонони ҲИТ муаррифӣ гардид. Қарор аст, ки пас аз тасдиқи расмии мақоми ӯ аз ҷониби Шӯрои сиёсӣ, фаъолияти худро оғоз намояд. Номи номзад пас аз анҷоми расмиёти зарурӣ ба таври расмӣ эълон хоҳад шуд.

Дар поёни вохӯрӣ роҳбари Ҳаракат аз аъзо даъват ба амал оварданд, ки дар роҳи муборизаи сиёсӣ сабр, устуворӣ ва ваҳдатро ҳифз намоянд, аз ихтилофоти дохилӣ ва баҳсҳои беҳосил худдорӣ кунанд ва масъулияти шахсии худро дар рушди Ҳаракат эҳсос намоянд. Таъкид гардид, ки Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон ният дорад бо такя ба барномаи равшан, ақлу хирад ва пуштибонии мардум ба як неруи таъсиргузори сиёсӣ табдил ёбад.

Дастгоҳи иҷрояи Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон

6.04.2026

Сообщение Вохӯрии роҳбари Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон бо аъзои намояндагӣ дар Олмон баргузор гардид появились сначала на Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон.

ҲАРАКАТИ ИСЛОҲОТХОҲОНИ ТОҶИКИСТОН ОИННОМАИ ХУДРО ҚАБУЛ КАРД
Дар шароите, ки саҳнаи сиёсӣ солҳои тӯлонӣ аз бесарусомонӣ, худсарӣ ва набуди меъёрҳои равшан ранҷ мебарад, Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон як қадами ҷиддӣ ва таърихӣ гузошт, оинномаи расмии худро қабул кард.

Тибқи супориши раиси ҲИТ дар аёми иди саъиди Фитр ва фарорасии соли нави ҳиҷрии шамсӣ дар вохӯрӣ бо намояндагии ҲИТ дар Фаронса ба масулини дахлдор барои таҳияи лоиҳаи оиннома ва пешниҳоди он ба Шӯрои сиёсӣ, пешнависи он санади муҳим рӯзи 29.03.2026 дар ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ пешниҳод гардид. Дар он нишаст аъзоён ба таври фаъол иштирок намуда дар бандҳои калидӣ мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро иброз доштанд. Пешниҳодҳое, ки на танҳо шакл, балки мазмуни ояндаи ҳаракатро тағйир доданд.

Баъдан, матни такмилёфта пас аз чанд соат баҳсҳои тӯлонӣ, бархӯрди андешаҳо ва таҳлилҳои амиқ барои роҳбурдии оянда лаҳзаи ҳалкунанда фаро расид:

оиннома ба овоз гузошта шуд.

Пас аз баррасии ҳамаҷониба дар тамоми бандҳо ва бо дарназардошти тамоми мулоҳизаҳо, оиннома аз тарафи ШС қабул гардид.

Ин танҳо як санад нест.

Ин оғози як низоми нав, интизом, масъулият ва муборизаи ҳадафмандона аст.

Аз ин пас Ҳаракат на бо шиор, балки бо қоида, на бо эҳсос, балки бо низом пеш меравад.

Ҳамаи аъзои Ҳаракат акнун метавонанд бо ин санад шинос шуда фаъолияти худро бар асоси як чаҳорчӯбаи мушаххас ва муайян ба роҳ монанд.

Дастгоҳи иҷрояи Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон

Порис

29.03.2026

Сообщение ҲАРАКАТИ ИСЛОҲОТХОҲОНИ ТОҶИКИСТОН ОИННОМАИ ХУДРО ҚАБУЛ КАРД появились сначала на Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон.

Дидори раиси Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон бо намояндагии ҳаракат дар Фаронса
Дар рӯзҳои иди саъиди Фитр ва соли нави 1405 ҳиҷрии шамсӣ раиси Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон Муҳаммадиқболи Садриддин бо намояндагӣ ва аъзои ҳаракат дар Фаронса мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ раиси ҳаракат ҳозиринро ба муносибати фарорасии иди саъиди Фитр ва соли нави ҳиҷрии шамсӣ табрик гуфта, ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти ташкилотӣ ва ҳамоҳангии кори намояндагӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Раиси Ҳаракат дар аснои суҳбат барои ба таври муназзам ба роҳ мондани кору фаъолиятҳои Ҳаракат дар доираи як ойиннома таъкид намуд.

Дар идома Оинномаи ҳаракат якҷо бо аъзоёни намояндагӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Раиси Ҳаракат барои таҳия ва қабули ойинномаи Ҳаракат ба масъулини дахлдор супориш дод, то дар рӯзҳои наздик намунаи ойинномаро ба Шӯрои сиёсӣ пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин намояндаи ҳаракат дар Фаронса Ҳусниддин Даминӣ барномаи кории дафтари ҳаракатро барои соли оянда муаррифӣ кард. Барномаи пешниҳодшуда аз ҷониби раиси ҳаракат ва иштирокдорони мулоқот мусбат арзёбӣ гардид.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аъзои ҳаракат доир ба масъалаҳои гуногун фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Инчунин мулоқоти роҳбарияти Ҳаракат бо дигар намояндагиҳо дар Аврупо ва дидору мулоқот бо шахсиятҳо ва сиёсатмадорони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар назар аст.

Роҳбарияти Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон аз ин фурсати муносиб истифода бурда, мардуми Тоҷикистонро ба муносибати иди саъиди Фитр ва фарорасии соли нави 1405 ҳиҷрии шамсӣ табрик гуфта, барои ҳамагон қабулии тоъоту ибодот, саломатӣ ва муваффақият орзу менамояд.

Дастгоҳи иҷроияи Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон
21.03.2026

Сообщение Дидори раиси Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон бо намояндагии ҳаракат дар Фаронса появились сначала на Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон.

Ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон Радослав Сикорский
Муҳтарам ҷаноби Вазир,
Мо — намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолони сиёсӣ, озодихоҳон ва мухолифони режими Раҳмонов,ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият дорем, бо эҳтироми зиёд ин муроҷиатро ба Шумо ирсол менамоем.
Бо нигаронии амиқ ба иттилоатон мерасонем, ки Сафири Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Саторов аз мақом ва имтиёзҳои дипломатии худ суистифода намуда, ба фаъолиятҳое даст мезанад, ки берун аз доираи ваколат ва уҳдадориҳои расмии дипломатияш мебошанд.
Мо қаблан чунин муроҷиатеро ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон ирсол намуда будем.
Дар он муроҷиат иттилоъ дода будем, ки Сатторов бо дастуру супоришҳои сохторҳои амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷамъоварии маълумот дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус мухолифони сиёсӣ ва фаъолон машғул аст.
Ҳамчунин бо мусоидат ва саҳми Имомуддин Саторов дар қаламрави Олмон созмоне бо номи “Пайванд” фаъолият менамояд, ки худро ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ муаррифӣ мекунад, вале, дар асл ба фаъолияти таблиғотӣ ва иттилоотӣ барои сохторҳои амниятии ҳукумати Тоҷикистон машғул аст.
Гузашта аз ин, маълум аст, ки тавассути ин шабака аз бархе донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бахши хизматрасонӣ ва меҳмонхонаҳо фаъолият доранд, талаб карда мешавад, ки дар бораи ҷойи кор, фаъолияти худ, ҳамкорон ва мусофироне, ки дар он меҳмонхонаҳо иқомат мекунанд, маълумот ҷамъоварӣ ва ба сафорат пешниҳод намоянд.
Ҷаноби Сатторов ва тимаш фаъолияти шабеҳро дар Лаҳистон низ роҳандозӣ намудаанд. Онҳо мехоҳанд бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон ва тавсияи ҷаноби Сатторов ташкилоти «Ҷамъияти тоҷикони Лаҳистон»-ро ба қайд гиранд. Ба эҳтимоли зиёд, фаъолияти ин ташкилот низ ба «Пайванд»-и Олмон монанд буда, ба ҷамъоварии маълумот дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус мухолифони сиёсӣ, ва ҳамкорӣ бо сохторҳои амниятии Тоҷикистон ва Русия равона мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҷаноби Имомуддин Сатторов дар солҳои 2014–2021 сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия буд. Дар он давра бо ҳамоҳангӣ бо сохторҳои амниятии Русия садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври гуногун, аз ҷумла ғайриқонунӣ аз Русия ба Тоҷикистон интиқол дода шуда, баъдан мавриди таъқиб ва маҳрумият аз озодӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки ӯ аз замони донишҷӯӣ бо мақомоти амниятии собиқ шӯравӣ ҳамкорӣ дошта ва то ҳол робитаҳои худро бо сохторҳои ҷосусии Русия нигоҳ доштааст.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, мо бо эҳтиром аз Шумо хоҳиш менамоем, ки фаъолияти чунин шахсонеро, ки таҳти ниқоби мақоми дипломатӣ амал намуда, метавонанд ба амнияти миллӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти ҷомеаи Лаҳистон ва паноҳандагону шаҳрвандони Тоҷикистон дар Лаҳистон таҳдид эҷод намоянд, ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода, чораҳои дахлдорро андешед.
Мо умед дорем, ки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон, ҳамчун ниҳоди пойбанд ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва арзишҳои демократӣ, ба ин муроҷиат беэътиноӣ нахоҳад кард.
Бо камоли эҳтиром,
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ,фаъолони сиёсӣ ва мухолифони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меҳмоншо Шарифзода – фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷомеашинос

Абдусатор Бобоев – раиси К Ш Н Г З С-и Тоҷикистон

⁠Ҷамшед Ёров – ҳуқуқшинос

⁠Суҳроби Ҷаҳон – фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ

⁠Манучеҳри Куҳистонӣ- фаъоли сиёсӣ

⁠Абдулқодир Шехов- роҳбари ҷамъияти тоҷикони “Нур” дар Олмон

⁠Шӯҳрати Раҳматуллоҳ -рӯзноманигор

⁠Аҳмад Карим -фаъоли сиёсӣ

⁠Дилшод Шарипов – роҳбари “Гурӯҳи 24”

⁠Муҳаммадиқболи Садриддин- роҳбари ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон

⁠Шарофиддин Гадоев- роҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон

⁠Фирузи Ҳайит – рӯзноманигор

⁠Азимҷон Якинов – фаъоли сиёсӣ

Сообщение Ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон Радослав Сикорский появились сначала на Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон.

Ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон.Муҳтарам ҷанобиВазир.
Мо — намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолони сиёсӣ, озодихоҳон ва мухолифони сиёсӣ, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият дорем, бо эҳтироми зиёд ин муроҷиатро ба Шумо ирсол менамоем.

Бо нигаронии амиқ ба иттилоъ мерасонем, ки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон — ҷаноби Имомуддин Саторов, аз мақом ва имтиёзҳои дипломатии худ суистифода намуда, ба фаъолиятҳое даст мезанад, ки берун аз доираи ваколат ва уҳдадориҳои расмии дипломатӣ қарор доранд.

Тибқи иттилооти мавҷуда, фаъолияти мазкур бо дастуру супоришҳои сохторҳои амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд буда, ҷамъоварии маълумот дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла мухолифони сиёсӣ ва фаъолони озодихоҳро дар бар мегирад. Ҳамчунин, бо мусоидат ва саҳми ҷаноби Саторов дар қаламрави Олмон созмоне бо номи “Пайванд” фаъолият менамояд, ки худро ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ муаррифӣ мекунад, вале дар амал, тибқи маълумоти мо, ба фаъолияти таблиғотӣ ва иттилоотии сохторҳои амниятии ҳукумати Тоҷикистон машғул мебошад.

Гузашта аз ин, маълум аст, ки тавассути ин шабака аз бархе донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бахши хизматрасонӣ ва меҳмонхонаҳо фаъолият доранд, талаб карда мешавад, ки дар бораи ҷойи кор, фаъолияти худ, ҳамкорон ва мусофироне, ки дар он меҳмонхонаҳо иқомат мекунанд, маълумот ҷамъоварӣ ва ба сафорат пешниҳод намоянд.

Инчунин ёдовар мешавем, ки ҷаноби Имомуддин Саторов дар солҳои 2014–2021 вазифаи сафири Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Федератсияи Русия бар уҳда дошт. Барои аксари муҳоҷирон маълум аст, ки дар он давра, бо ҳамоҳангӣ бо сохторҳои амниятии Русия, садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла ғайриқонунӣ, ба Тоҷикистон интиқол дода шуда, баъдан мавриди таъқиб ва маҳрумият аз озодӣ қарор гирифтаанд. Ҳамчунин, маълумот вуҷуд дорад, ки ӯ аз замони донишҷӯӣ бо мақомоти амниятии собиқ шӯравӣ ҳамкорӣ дошта ва то ҳол робитаҳои худро бо сохторҳои ҷосусии Русия нигоҳ доштааст.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, мо бо эҳтиром аз Шумо, ҷаноби Вазир, хоҳиш менамоем, ки фаъолияти чунин шахсонеро, ки таҳти ниқоби мақоми дипломатӣ амал намуда, метавонанд ба амнияти миллӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти ҷомеаи Олмон ва паноҳандагону шаҳрвандони Тоҷикистон дар Олмон таҳдид эҷод намоянд, ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода, чораҳои дахлдорро андешед.

Мо умед дорем, ки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ҳамчун ниҳоди пойбанд ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва арзишҳои демократӣ, ба ин муроҷиат беэътиноӣ нахоҳад кард.

Бо камоли эҳтиром,
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ,
фаъолони сиёсӣ ва мухолифони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар поён чанд намуна аз боздошту зиндонӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро пешниҳод мекунем, ки ин мушт намунаи хирвор аст ва ҷаноби Сатторов барнома дорад ин гуна амалҳоро дар Олмон ҳам пиёда созад.

Меҳмоншо Шарифзода фаоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷомеашинос

Абдусатор Бобоев раиси К Ш Н Г З С-ии Тоҷикистон

⁠Ҷамшед Ёров ҳуқуқшинос

⁠Суҳроби Ҷаҳон фаоли ҷомеаи шаҳрвандӣ

⁠Мануҷеҳри Куҳистонӣ фаоли сиёсӣ

⁠Абдулқодир Шехов роҳбари ҷамъияти тоҷикони “Нур” Олмон

⁠Шуҳрати Раҳматуллоҳ рӯзноманигор

⁠Аҳмад Карим фаоли сиёсӣ

⁠Дилшод Шарипов роҳбари “Гурӯҳи 24”

⁠Муҳаммадиқболи Садриддин роҳбари ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон

⁠Шарофиддин Гадоев роҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушти Тоҷикистон

⁠Фирӯзи Ҳаит рӯзноманигор

⁠Азимҷон Якинов фаоли сиёсӣ

Сообщение Ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон.Муҳтарам ҷанобиВазир. появились сначала на Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон.