Ҳаракати сиёсии Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи кишвар ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯяд.
Истиқлол барои ҳар миллат бузургтарин неъмат аст. Он танҳо парчам, нишони давлатӣ, суруди миллӣ, ҷашнҳои бошукӯҳ ё ҳазорон нафарро ба маршировка баровардан нест. Истиқлол пеш аз ҳама озодии инсон, иззату шарафи шаҳрванд, адолат, ҳуқуқ, амният ва зиндагии шоистаи мардум аст.
Кишвар он вақт воқеан мустақил аст, ки шаҳрванди он дар дохили Ватан аз мақомот наҳаросад ва дар хориҷ аз кишвар барои як бурида нон сарсону саргардон набошад.
Истиқлоли воқеӣ он аст, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳар куҷои ҷаҳон бо ифтихор бигӯяд: «Ман шаҳрванди Тоҷикистонам» ва давлаташ пуштибони ҳуқуқу шарафи ӯ бошад.
Истиқлол он аст, ки мардум барқи доимӣ, ҷойи кор, маоши муносиб, таҳсилоти босифат, тандурустии дастрас ва додгоҳи мустақил дошта бошанд. Ҷавон маҷбур набошад аз Ватан барои пайдо кардани кор тарки кишвар кунад, падару модар солҳо интизори фарзанди муҳоҷирашон набошанд ва хонаводаҳо аз ҳам ҷудо нашаванд.
Аммо бо гузашти 35 сол мо маҷбурем саволи ҷиддӣ гузорем:
Оё истиқлол ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон тааллуқ дорад ё ба як гурӯҳи маҳдуд табдил дода шудааст?
Аз дидгоҳи Ҳаракати сиёсии Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон истиқлоли миллиро тадриҷан аз маънои мардумии он холӣ карда, онро ба абзори ҳифзи қудрати шахсӣ табдил додааст. Ба ҳамин маъно, мо ӯро «дузди истиқлол» медонем — на ба маънои дуздидани санад ё рамз, балки ба маънои аз шаҳрванд гирифтани мазмун ва самари истиқлол ва мутамарказ сохтани қудрат ба нафъи худу доираи наздиконаш.
Истиқлол барои худхоҳӣ ва шахспарастӣ дода нашуда буд. Истиқлол барои он набуд, ки сарнавишти як миллат ба сарнавишти як шахс ва як хонавода вобаста гардад.
Миллате, ки истиқлол дорад, бояд озод бошад.
Шаҳрванде, ки соҳиби Ватан аст, бояд боиззат бошад.
Ҷавоне, ки дар кишвари соҳибистиқлол ба дунё омадааст, бояд кору оянда дошта бошад.
Модаре, ки фарзандашро ба воя мерасонад, бояд аз фардои ӯ нигарон набошад.
Соҳибкор бояд аз зулму фишор эмин бошад.
Рӯзноманигор бояд ҳаққи сухан гуфтан дошта бошад.
Мардум бояд ҳаққи интихоб кардани ҳукумати худро дошта бошанд.
Мо истиқлолеро мехоҳем, ки на танҳо дар майдонҳо, балки дар зиндагии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон эҳсос шавад.
Истиқлол дар маршировка нест — истиқлол дар шаъну шарафи инсон аст.
Истиқлол дар суханрониҳои тӯлонӣ нест — истиқлол дар озодии мардум аст.
Истиқлол дар қасрҳои ҳукуматӣ нест — истиқлол дар хонаи ободи шаҳрванд аст.
Истиқлол дар таблиғот нест — истиқлол дар барқ, кор, адолат ва қонун аст.
Мо бовар дорем, ки Тоҷикистон метавонад кишвари воқеан мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва пешрафта бошад. Ватане, ки дар он давлат ба мардум хизмат кунад, на мардум ба як шахс.
Дар ин рӯзи таърихӣ мо ба ҳамаи ҳамватанон мегӯем:
Истиқлол моли як шахс нест.
Истиқлол моли як хонавода нест.
Истиқлол моли тамоми миллати Тоҷикистон аст.
Рӯзе фаро хоҳад расид, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон маънои воқеии истиқлолро на танҳо дар сухан, балки дар зиндагии худ эҳсос хоҳад кард.
35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба тамоми миллати тоҷик ва ҳамаи шаҳрвандони кишвар муборак бод!
Ислоҳот — Тағйирот — Пешрафт!
Ҳаракати сиёсии Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон
9 сентябри 2026
