Дидори раиси Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон бо намояндагии ҳаракат дар Фаронса

Дар рӯзҳои иди саъиди Фитр ва соли нави 1405 ҳиҷрии шамсӣ раиси Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон Муҳаммадиқболи Садриддин бо намояндагӣ ва аъзои ҳаракат дар Фаронса мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ раиси ҳаракат ҳозиринро ба муносибати фарорасии иди саъиди Фитр ва соли нави ҳиҷрии шамсӣ табрик гуфта, ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти ташкилотӣ ва ҳамоҳангии кори намояндагӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Раиси Ҳаракат дар аснои суҳбат барои ба таври муназзам ба роҳ мондани кору фаъолиятҳои Ҳаракат дар доираи як ойиннома таъкид намуд.

Дар идома Оинномаи ҳаракат якҷо бо аъзоёни намояндагӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Раиси Ҳаракат барои таҳия ва қабули ойинномаи Ҳаракат ба масъулини дахлдор супориш дод, то дар рӯзҳои наздик намунаи ойинномаро ба Шӯрои сиёсӣ пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин намояндаи ҳаракат дар Фаронса Ҳусниддин Даминӣ барномаи кории дафтари ҳаракатро барои соли оянда муаррифӣ кард. Барномаи пешниҳодшуда аз ҷониби раиси ҳаракат ва иштирокдорони мулоқот мусбат арзёбӣ гардид.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аъзои ҳаракат доир ба масъалаҳои гуногун фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Инчунин мулоқоти роҳбарияти Ҳаракат бо дигар намояндагиҳо дар Аврупо ва дидору мулоқот бо шахсиятҳо ва сиёсатмадорони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар назар аст.

Роҳбарияти Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон аз ин фурсати муносиб истифода бурда, мардуми Тоҷикистонро ба муносибати иди саъиди Фитр ва фарорасии соли нави 1405 ҳиҷрии шамсӣ табрик гуфта, барои ҳамагон қабулии тоъоту ибодот, саломатӣ ва муваффақият орзу менамояд.

Дастгоҳи иҷроияи Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон
21.03.2026

Мақолаҳо

Мақолаҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here