Вохӯрии роҳбари Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон бо аъзои намояндагӣ дар Олмон баргузор гардид

5 апрели соли 2026 мулоқоти роҳбари Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон (ҲИТ) бо аъзои намояндагии ҳаракат дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид. Ин вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулиятшиносӣ сурат гирифта, масоили муҳимми марбут ба фаъолияти ҷорӣ ва дурнамои Ҳаракат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбари Ҳаракат зимни суханронии худ аз раванди қабул ва такмили оинномаи ҲИТ ёдовар шуда, онро ба аъзои намояндагӣ муаррифӣ намуданд. Таъкид гардид, ки оиннома ҳамчун санади асосӣ бояд барои ҳар як узви Ҳаракат роҳнамо ва меъёри фаъолияти сиёсӣ бошад.

Ҳамзамон дар мавриди барномаи сиёсии Ҳаракат, ки дар ҳоли таҳия қарор дорад, маълумоти мухтасар пешниҳод шуд. Роҳбари Ҳаракат изҳор доштанд, ки барномаи комили ҲИТ то миёнаҳои моҳи майи соли ҷорӣ омода гардида, ба аъзои Ҳаракат ва ҷомеа пешниҳод хоҳад шуд. Ба гуфтаи эшон, ин барнома равшанкунандаи ҳадафҳо, арзишҳо ва роҳкорҳои амалии Ҳаракат хоҳад буд.

Дар идомаи мулоқот масъалаи ахлоқи сиёсӣ ва муносибат бо дигар неруҳои мухолиф мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Таъкид шуд, ки тамоми аъзо бояд дар муносибатҳои худ бо намояндагони дигар аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф ҳамеша одоби баланди сиёсӣ ва эҳтироми мутақобилро риоя намоянд.
Бо таваҷҷуҳ ба он ки Олмон яке аз кишварҳои муҳими аврупоӣ бо ҷамъияти зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, зарурати тақвияти фаъолияти намояндагӣ ва густариши кор бо ҷомеаи муҳоҷирон таъкид гардид.

Ҳамчунин роҳбари Ҳаракат аз баргузории як қатор мулоқотҳои судманд бо фаъолон, ҷонибдорон ва ҳаводорони Ҳаракат дар Олмон хабар дода, онҳоро барои рушди минбаъдаи Ҳаракат муҳим арзёбӣ карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ба раиси намояндагии ҲИТ дар Олмон Ҳамзабек Нуров дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби аъзои нав, муаррифии густурдаи Ҳаракат ва таҳкими сохторҳои маҳаллӣ талошҳои бештар анҷом диҳанд.

Ҳамчунин дар ин нишаст номзади раиси бахши ҷавонони ҲИТ муаррифӣ гардид. Қарор аст, ки пас аз тасдиқи расмии мақоми ӯ аз ҷониби Шӯрои сиёсӣ, фаъолияти худро оғоз намояд. Номи номзад пас аз анҷоми расмиёти зарурӣ ба таври расмӣ эълон хоҳад шуд.

Дар поёни вохӯрӣ роҳбари Ҳаракат аз аъзо даъват ба амал оварданд, ки дар роҳи муборизаи сиёсӣ сабр, устуворӣ ва ваҳдатро ҳифз намоянд, аз ихтилофоти дохилӣ ва баҳсҳои беҳосил худдорӣ кунанд ва масъулияти шахсии худро дар рушди Ҳаракат эҳсос намоянд. Таъкид гардид, ки Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон ният дорад бо такя ба барномаи равшан, ақлу хирад ва пуштибонии мардум ба як неруи таъсиргузори сиёсӣ табдил ёбад.

Дастгоҳи иҷрояи Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон
6.04.2026

Мақолаҳо

Мақолаҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here