Дар шароите, ки саҳнаи сиёсӣ солҳои тӯлонӣ аз бесарусомонӣ, худсарӣ ва набуди меъёрҳои равшан ранҷ мебарад, Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон як қадами ҷиддӣ ва таърихӣ гузошт, оинномаи расмии худро қабул кард.
Тибқи супориши раиси ҲИТ дар аёми иди саъиди Фитр ва фарорасии соли нави ҳиҷрии шамсӣ дар вохӯрӣ бо намояндагии ҲИТ дар Фаронса ба масулини дахлдор барои таҳияи лоиҳаи оиннома ва пешниҳоди он ба Шӯрои сиёсӣ, пешнависи он санади муҳим рӯзи 29.03.2026 дар ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ пешниҳод гардид. Дар он нишаст аъзоён ба таври фаъол иштирок намуда дар бандҳои калидӣ мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро иброз доштанд. Пешниҳодҳое, ки на танҳо шакл, балки мазмуни ояндаи ҳаракатро тағйир доданд.
Баъдан, матни такмилёфта пас аз чанд соат баҳсҳои тӯлонӣ, бархӯрди андешаҳо ва таҳлилҳои амиқ барои роҳбурдии оянда лаҳзаи ҳалкунанда фаро расид:
оиннома ба овоз гузошта шуд.
Пас аз баррасии ҳамаҷониба дар тамоми бандҳо ва бо дарназардошти тамоми мулоҳизаҳо, оиннома аз тарафи ШС қабул гардид.
Ин танҳо як санад нест.
Ин оғози як низоми нав, интизом, масъулият ва муборизаи ҳадафмандона аст.
Аз ин пас Ҳаракат на бо шиор, балки бо қоида, на бо эҳсос, балки бо низом пеш меравад.
Ҳамаи аъзои Ҳаракат акнун метавонанд бо ин санад шинос шуда фаъолияти худро бар асоси як чаҳорчӯбаи мушаххас ва муайян ба роҳ монанд.
Дастгоҳи иҷрояи Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон
Порис
29.03.2026
