Дидубоздидҳо аз Фаронса то Олмон, Лаҳистон ва Ҳолланд

Сафари ахири раиси Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон Муҳаммадиқболи Садриддин ба кишварҳои Фаронса, Олмон, Лаҳистон ва Ҳолландро метавон бо итминон як сафари самимӣ, пурмазмун ва умедбахш номид. Ин сафар на танҳо як ҳаракати оддӣ миёни кишварҳо, балки марҳилаи муҳими таҳкими иртибот бо ҳамватанон, баррасии масъалаҳои созмонӣ ва ташаккули дурнамои равшани фаъолияти оянда буд.

Сафари корӣ аз 17.03.2026, дар арафаи Иди саъиди Фитр ва оғози соли нави ҳиҷрии шамсии 1405 оғоз гардид. Ин интихоб худ рамзӣ ва табиӣ буд, оғози нав бо рӯҳияи нав, ниятҳои пок ва ҳадафҳои возеҳу равшан.

Дар Фаронса мулоқотҳо бо намояндагии ин кишвар дар фазои дӯстона ва созанда баргузор шуданд. Намояндаи ҲИТ дар ин кишвар Ҳусниддин Даминзода низ дар ин бахши сафар ҳамроҳӣ намуда, барои пешбурди фаъолияти Ҳаракат пешниҳодҳои судманд ироа карданд. Яке аз рӯйдодҳои муҳими ин бахш тасдиқи оинномаи Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон (ҲИТ) то санаи 29.03.2026 буд. Гарчанде рӯйи ин санад моҳҳо кор бурда шуда буд, аммо аз 21 март то 29 март ҳар банди он дар Шӯрои Сиёсӣ бознигарӣ ва такмил дода шуд. Ин як қадами ҷиддӣ дар самти ташаккули сохтори устувор ва қонуниятноки ҳаракат ба ҳисоб меравад. Намояндагии Фаронса инчунин тавонист як силсила мулоқотҳоро бо аъзо ташкил намояд, ки дар натиҷа қариб бо тамоми аъзо дидору гуфтугӯ сурат гирифт.

Дар Олмон низ мулоқотҳо бо ҳамватанон ва афроди гуногуни муқими ин кишвар бисёр судманд ва пурмуҳтаво буданд. Рӯзи 05.04.2026 бо ташаббуси намояндагии Олмон, таҳти роҳбарии Ҳамзабек Нуров, нишасти расмии намояндагӣ бо ҳузури роҳбар баргузор гардид. Дар ин нишаст бо ҳузури аъзои ҲИТ масъалаҳои муҳими дохилӣ ва стратегӣ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, дар мавриди барномаи Ҳаракати Ислоҳотхоҳон суҳбат рафт ва қарор шуд, ки то миёнаи моҳи майи соли 2026 барномаи ниҳоии ҳаракат таҳия ва ба аъзо ва ҳаводорон пешниҳод гардад.

Ҳамчунин дар Олмон пешниҳод гардид, ки як ҷавон ба ҳайси раиси бахши ҷавонони ҲИТ таъйин карда шавад. Ин пешниҳод бо он асоснок шуд, ки теъдоди зиёди ҷавонони тоҷик дар Олмон зиндагӣ мекунанд ва барои кор бо онҳо бояд шахси ҳамсину ҳамназари онҳо фаъолият намояд. Пас аз тасдиқ дар Шӯрои Сиёсӣ, ин шахс фаъолияти худро расман оғоз хоҳад кард. Илова бар ин, чанд номзади дигар аз намояндагиҳои гуногун ба ҳайати Шӯрои Сиёсӣ пешниҳод гардиданд, ки ин нишонаи густариши ҳаракат ва ҷалби кадрҳои нав мебошад.

Мулоқотҳо бо баъзе афроди сиёсии дигар дар Олмон низ муҳим ва дорои аҳамияти хос буданд. Гарчанде ин гуфтугӯҳо ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоӣ қарор доранд, аммо метавон умед дошт, ки дар оянда натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳанд овард.

Сафари раиси ҲИТ ба Лаҳистон, махсусан шаҳри Варшава, се рӯз идома ёфт ва аз лиҳози эҳсосӣ ва маънавӣ яке аз пуртаъсиртарин бахшҳои ин сафар буд. Бо ҳамватанони муқими ин кишвар, аз ҷумла бо шахсиятҳои фаъол ва бонуфуз, чандин нишастҳои самимӣ баргузор гардид. Миннатдории самимӣ ба ҳамаи онҳое, ки дар ин мулоқотҳо ширкат варзиданд ҳузури онҳо мояи ифтихор ва нишонаи зинда будани рӯҳияи миллӣ мебошад.

Аввалин рӯзи сафар ба Лаҳистон аз зиёрати оромгоҳи қиблагоҳашон оғоз ёфт. Дар ин зиёрат Эшони Абдусаттор Бобоев ва чанд нафари дигар ҳамроҳӣ доштанд. Ин лаҳза барои иштирокдорон бисёр вазнин, вале ҳамзамон пурмаъно буд — эҳсосоте, ки баён карданаш воқеан осон нест.

Дар мулоқотҳои ҷудогона масъалаи ифтитоҳи намояндагии ҲИТ дар Лаҳистон мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Суҳбатҳо тӯлонӣ ва умедбахш буданд ва интизор меравад, ки дар ояндаи наздик ин намояндагӣ низ расман таъсис ёбад.

Метавон гуфт, ки тоҷикони муқими Лаҳистон дар рӯҳияи хеле хуб қарор доранд. Онҳо бо оғӯши боз истиқбол намуда, барои идомаи мубориза омодагии худро нишон доданд. Чуноне ки дар солҳои 2015–2016 буданд, дар мавқеъ ва эътиқоди худ тағйир наёфтаанд. Аммо як талаб ва хостаи асосии онҳо шаффофият дар мубориза мебошад. Онҳо аз ҷудоӣ ва тафриқае, ки режим дар дохили ҷомеаи Тоҷикистон барангехтааст, безоранд ва хоҳони ваҳдату ҳамбастагии воқеӣ дар хориҷ аз кишвар мебошанд.

Ба андешаи аксари ҳамватанон хостори ислоҳот ва тағийрот дар шакл ва наҳваи муборизаҳои сиёсӣ мебошанд. 

Бо назардошти теъдоди назарраси шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар, зарур аст, ки ҳамгироӣ ва ҳамоҳангӣ бештар тақвият дода шавад ва ҳамаи ихтилофҳои дохилӣ канор гузошта шаванд. Агар ин иқдоми инсиҷом ва фаъолияти диаспораҳо бо услуби дуруст роҳандозӣ нагардад, авоқиби хубе дар оянда надорад, бахусус миёни насли ҷавон, ҷиддӣ боқӣ мемонад. Ин ба маънои дур мондани ҷавонон аз ҳувияти миллӣ, забон ва арзишҳои худ мебошад. Ин раванд танҳо ба Лаҳистон маҳдуд нест, балки дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки марказҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ фаъолтар гардида, кори муназзам анҷом диҳанд.

Сафар ба Ҳолланд аз вохӯрӣ бо ҳамватанон дар шаҳри Амстердам оғоз шуд. Дар ин вохӯрӣ фаъолони сиёсӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ, аъзо ва ҷонибдорони Ҳаракат иштирок намуданд.

Дар назар аст, ки намояндагии ҲИТ дар Ҳолланд ифтитоҳ гардад.

Дар маҷмӯъ, ин сафари корӣ нишон дод, ки новобаста аз масофаҳо ва шароити гуногун, рӯҳияи ҳамбастагӣ миёни ҳамватанон ҳанӯз зинда аст. Омодагии мардум барои саҳмгузорӣ дар роҳи тағйирот, адолат ва ояндаи беҳтар ба хубӣ эҳсос гардид.

Ҳаракат танҳо бо сухан пеш намеравад — он ба ирода, эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ ниёз дорад. Имрӯз ин се унсур беш аз пеш эҳсос мешавад.

Бо чунин рӯҳия, Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон ба марҳилаи нави фаъолияти худ ворид мегардад. Тақвияти сафҳо ва густариши фаъолияти созмонӣ аз авлавиятҳои асосӣ боқӣ мемонад. Интизор меравад, ки натиҷаҳои ин сафар дар ояндаи наздик ба иқдомҳои мушаххас ва дастовардҳои воқеӣ табдил ёбанд.

Сафарҳо ба манотиқ ва кишварҳои Аврупо идома доранд. Умуман, дар ҳамаи кишварҳое, ки намояндагиҳои Ҳаракат мавҷудияти худро эълон кардаанд, баргузории мулоқотҳо, дидубоздидҳо ва ҷаласаҳо дар доираи барномаҳои сафарҳои кории роҳбарияти Ҳаракат қарор дорад.

Дастгоҳи иҷроияи Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон

17 апрели 2026 сол

Мақолаҳо

Мақолаҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here